Апертура (лот. apertura — равзан) — равзани кории системаи оптикӣ, ки бо андозаҳои линзаҳо ё диафрагмаҳо муайян карда мешавад.

Апертураи калон (1) ва хурд (2).

Апертураи кунҷӣ — кунҷи α байни шуоъҳои канории дастаи махрутии рӯшноии ба системаи оптикӣ воридшаванда.

Апертураи ададӣ — бузургии nsin α/2 (n — нишондиҳандаи шикасти муҳит).

Дараҷаи равшании тасвир ба квадрати апертураи ададӣ ва қобилияти тафриқаи асбобҳои оптикӣ ба апертураи мутаносибанд. Азбаски апертураи ададӣ ба n мутаносиб аст, ашёи муоинашавандаро аксар дар моеи нишондиҳандаи шикасташ калон ҷой медиҳанд.

Сарчашма

вироиш