Апостроф
Апостроф (фр. apostrophe аз юн.-қад. ἀπόστροφος — ба як самт ё ба қафо нигаронидашуда) — аломати вергулшаклест (’), ки дар болои сатр гузошта мешавад.
Апостроф | |||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
'’ | |||||||||||||||||||||||
Тасвир | |||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||
Хусусиятҳо
| |||||||||||||||||||||||
Юникод |
': U+27 | ||||||||||||||||||||||
HTML-код |
': | ||||||||||||||||||||||
UTF-16 |
': 0x27 | ||||||||||||||||||||||
URL-код |
': %27 | ||||||||||||||||||||||
Мнемоника |
': |
Дар дигар забонҳо
вироишДар баъзе забонҳои аврупоӣ ба ҷойи садоноки талаффузнашаванда ба кор мебаранд. Масалан, дар забони англисӣ I’m ба ҷойи I am, don’t ба ҷойи do not; дар забони франсавӣ l’homme ба ҷойи le homme; дар забони италиявӣ dell’ arte ба ҷойи della arte ва ғайра Дар баъзе номҳои аз забонҳои аврупоӣ ба забони русӣ гузашта пас аз бандакҳо апостроф гузошта мешавад: Д’ Артанян, О’ Генри, О’ Брайен, О’ Конор, Жанна Д’ Арк ва ғайра.
Дар забони тоҷикӣ
вироишИн калимаҳо дар забони тоҷикӣ ба ҳамин тарз сабт мегарданд.
Дар овонавишти фонетикӣ дар забони русӣ апостроф барои ифодаи хосияти нармии талаффуз корбаст мешавад: [д’ен’] – день, [д’ад’ъ] – дядя. Дар забони тоҷикӣ ҳангоми сабти фонетикии нимовози калимаҳои лаҳҷавӣ апостроф ва ё аломати ъ-ро ба кор мебаранд: в’t – въt – буд; к’ҷо – къҷо – куҷо? ва ғайра Дар имлои забони русӣ то охири солҳои 20 садаи XX апостроф вазифаи ҷудосозандаи ҳиҷоҳоро иҷро мекард: с’езд, под’ём, под’езд, об’явление ва ғайра. Соли 1928 ба аломати сакта (ъ) иваз шуд. Бо ҳамин вазифааш апостроф дар алифбои лотинии забони тоҷикӣ маъмул буд ва баъдан бо аломати сакта иваз гардид: ja’ne – яъне, Sa’di – Саъдӣ, ba’d – баъд ва ғайра
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Апостроф // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.