Аппарати париш — василаи парвози идорашаванда дар атмосфераи сайёра ё моварои фазо.

Аппарати паришро барои ҳамлу нақли одамон ва бор, корҳои кишоварзӣ, сохтмон, тадқиқоти илмӣ, корҳои ҳарбӣ ва ғ. истифода мебаранд. аппарати париш атмосферӣ ва кайҳонӣ мешавад. аппарати париши атмосферӣ дар навбати худ ду навъ мешавад: аппаратҳои вазнинтар аз ҳаво ва сабуктар аз ҳаво. Ба аппарати париш қувваҳои ҷозибаи сайёра ва дигар ҷирмҳои осмонӣ ва ҳангоми дар атмосфера парвоз кардан, инчунин қувваи муқовимати муҳит таъсир мекунанд. Таъсири ин қувваҳо бо қувваи болобардор ва қувваи кашиши аппарати париш бартараф карда мешавад. Қувваи болобардор ва қувваи кашиш инчунин барои идораи аппарати париш, яъне барои тағйир додани бузургию самти суръат ва мавқеи аппарати париш дар фазо истифода мешавад. Қувваи болобардор дар асоси ғояҳои аэростатикӣ, аэродинамикӣ ва газодинамикӣ (реактивӣ) ба вуҷуд оварда мешавад. Қувваи кашиши аппарати паришро винти ҳавоӣ ё муҳаррики реактивӣ ба вуҷуд меоварад, винтро бошад муҳаррики поршенӣ ё газотурбинӣ чарх мезанонад.

Муҳаррикҳои реактивӣ ба муҳаррикҳои реактивии ҳавоӣ ва ракетавӣ ҷудо мешаванд. Мавриди ба воситаи винт ва муҳаррики реативии ҳавоӣ ба вуҷуд овардани қувваи кашиш ба сифати моддаи корӣ гази атмосфера (ҳаво) истифода мешавад. Моддаи кории муҳаррики ракетавиро дар худи аппарати париш ҷойгир мекунанд. Аз ин сабаб истифодаи муҳаррики ракетавӣ дар аппарати париши ҳам атмосферӣ ва ҳам кайҳонӣ имконпазир аст.

Аппарати париши сабуктар аз ҳаво (аэростат, дирижабл ва ғ.). Қувваи болобардори ин қабил аппаратҳо ба принсипи аэростатикӣ (ниг. Ҳавопаймоӣ) асос ёфтааст. Аэростат фақат қувваи болбардорро инкишоф дода метавонад; ҳаракати уфуқии вай танҳо бо таъсири шамол имконпазир аст. Аммо дирижабл винти ҳавоӣ дорад, ки қувваи кашишро инкишоф дода, ба ҳаракати пешравии он имкон медиҳад.

Аппарати париши вазнинтар аз ҳаво (самолёт, планёр, вертолёт, винтбол ва ғ.). Қувваи болобардори ин қабил аппаратҳо ба ғояи аэродинамикӣ (дар мавридҳои алоҳида ба ғояи газодинамикӣ) асос ёфтааст. Навъи маъмултарини аппарати париши вазнинтар аз ҳаво самолёт мебошад. Қувваи болобардори онро асосан қанот инкишоф медиҳад. Қувваи кашиши самолётҳо ба воситаи муҳаррикҳои поршенӣ, газотурбинӣ ё реактивии ҳавоӣ ба вуҷуд оварда шуда, дар вертолётҳо қувваи болобардор ва қувваи кашиш ба воситаи винти баранда инкишоф дода мешавад. Солҳои охир аппарати париши бо суръати гиперсадо (калон ё баробари 5М; М — адади Мах ё суръати садо; дар ҳаво баробари 340,3 м/с) парвозкунанда сохта шуда истодаанд, ки қувваи болобардори онҳоро асосан танаашон инкишоф медиҳад. аппарати париши гиперсадои Х-43 (ИМА) 16 ноябри 2004 бомуваффақият парвоз намуда, рекорди нави суръатро гузошт (11200 км/соат). Самолётҳое низ сохта шуданд, ки қувваи болобардорро бо истифодаи винти ҳавоӣ (самолётҳои винтӣ, конвертопланҳо, Bell V-22 Osprey), инчунин муҳаррикҳои реактивӣ инкишоф дода, амудӣ парвоз кардаю нишаста ва дар ҳаво муаллақ истода метавонанд (McDonnell Douglas AV-8 Harrier, Як-38, Як-141).

Аппарати париши кайҳонӣ (стансияи автоматии байнисайёравӣ, радифи маснӯи Замин, киштии кайҳонӣ ва ғ.) аппаратҳое мебошанд, ки барои парвозҳои кайҳонӣ таъйин шудаанд. аппарати париши кайҳонӣ асосан аз чунин қисмҳои автономӣ: ракетаи стартӣ, киштии мадорӣ ё байнисайёравӣ ва аппарати фурудоӣ таркиб меёбад. Ракетаи стартӣ ба аппарати париш суръати мадорӣ мебахшад. Ракетаро бо тағйир додани бузургӣ ва самти қувваи кашиши муҳаррикҳои ракетавӣ, агар сайёра атмосфера дошта бошад, инчунин бо рулҳои (сукконҳои) аэродинамикӣ идора мекунанд. Киштии мадорӣ ё байнисайёравӣ бо муҳаррикҳои ракетавӣ идора карда мешавад. аппарати париши кайҳонӣ пеш аз фурудоӣ бо муҳаррики ракетавӣ тормоз дода мешавад. Агар сайёра беатмосфера бошад, муҳаррики аппарати париш то лаҳзаи нишаст истифода мешавад. Дар сайёраи атмосферадор барои суст кардани ҳаракати аппарати париш қувваи аэродинамикиро низ истифода мебаранд.

Дар муддати кӯтоҳи инкишофи техникаи кайҳонӣ аппаратҳои гуногуни париш: стансияҳои автоматии байнисайёравӣ, киштиҳои кайҳонӣ барои парвозҳои дуру наздик ва нишастани нарм ба сатҳи Моҳ ва Миррих, радифҳои маснӯи Замин ва ғ. сохта шуданд. Яке аз дастовардҳои калони илми муосир сохтмони аппарати париши кайҳонии ба монанди самолёт паридаю менишастагӣ ё худ «истифодаи чандинкарата» мебошад. Аз с. 1975 дар ИМА аз рӯи барномаи «Спейс шаттл» (аз англ. Space shuttle — «мокуи кайҳонӣ») аппарати париши истифодаи чандинкаратаи намудҳои «Атлантис», «Дискавери», «Индевор», «Колумбия» ва «Челленҷер» сохта шуданд. Онҳо барои баровардани борҳо ба мадори кайҳонии баландиаш 200—500 км бо мақсадҳои ҳарбӣ, гузарондани таҳқиқоти илмӣ, корҳои васлкунию таъмирӣ дар стансияҳои мадории кайҳонӣ ва ғ. истифода мешаванд. Соли 1990 аппарати париши «Дискавери» ба мадор телескопи Ҳабблро баровард, ки бо ёрии он таҳқиқоти нави илмӣ дар соҳаи астрономия ва омӯзиши Кайҳон гузаронда мешаванд. аппарати париш дар барномаҳои советию америкоии кайҳонии «Мир — Спейс шаттл» ва таъсиси Стансияи байналхалқии кайҳонӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Чунин аппарати париш дар Иттифоқи Советӣ «Буран» буд, ки якумин ва охирин парвози худро 15 ноябри 1988 иҷро кард. Ин парвоз бе сарнишин буда, дар реҷаи автоматӣ бо истифодаи компютер ва барномаи татбиқии он амалӣ гашт. Ин воқеаи нодир ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шудааст.

Адабиёт

вироиш