Аппендисит (лот. appendicitis), овезомос[1], илтиҳоби кирмрӯда — газаки изофаи кирмшакл — аппендикс. Дар рӯдаи одам микроорганизмҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо, одатан, бемориовар нестанд. Аммо дар баъзе мавридҳо хосияти иллатофарии онҳо зуҳур ёфта, боиси газаки рӯда мегарданд. Mac., яке аз сабабҳои пайдоиши аппендитсит аз изофаи кирмшакл ба кӯррӯда бо душворӣ гузаштани муҳтавои рӯда аст. Ба аппендитсит одамони ҳамаи синнусол гирифтор мешаванд.

Аппендисит
МКБ-10 K3535. — K3737.
МКБ-9 540540-543543
DiseasesDB 885
MedlinePlus 000256
eMedicine med/3430 
MeSH D001064

аппендитсит шадид ва музмин мешавад. Газаки шадиди изофаи кирмшакл аз пардаи дохили (луоб)-и он оғоз ёфта, баъд ба дарунтар паҳн мегардад, бофтаҳо, аз он ҷумла девораи кирмрӯда, пурра осеб меёбанд (аппендитсити флегмонӣ) ва фасод ба даруни шикам мегузарад (аппендитсити шикофанда). Ихтилоли гардиши хуни рагҳое, ки кирмрӯдаро бо хун таъмин мекунанд, боиси маҳви он шуда метавонад (аппендитсити окилавӣ). Дар натиҷаи шикоф шудан ва пӯсидан (гангрена)-и кирмрӯда газаки сифоқ (перитонит) ба вуҷуд меояд. Дар аснои аппендитсити шадид поёни шикам (бештар аз тарафи рост) ногаҳон ба дард медарояд. Аксар вақт ҷойҳои гуногуни бадан, аз ҷумла сари дил ва гирди ноф дард карда, танҳо баъд аз чанд соат ҷое, ки кӯррӯда воқеъ аст (тарафи рости поёни шикам), сахт дард мекунад. Дард тадриҷан меафзояд, дар вақти сулфидан ё вазъи баданро тағйир додан, хусусан ҳангоми ба паҳлуи чап хобидани бемор, пурзӯр мешавад. Кӯдакон ва одамони солхӯрда ҳангоми аппендитсит дардро камтар ҳис мекунанд. Хурӯҷи аппендитсит бештар дар беҳузур шудани дил ва қай зоҳир мегардад, қабзият ё исҳол (асосан дар тобистон) ба вуҷуд меояд. Одамони калонсол қадре таб мекунанд (37,5° — 38,5°С), таби кӯдакон бошад, нисбатан баланд аст. Ҳарорати баланди одамони солхӯрда ҳатто ҳангоми шаклҳои вазнини аппендитсит низ мӯътадил мешавад.

Дар кирмрӯдаи беморе, ки бо ягон сабаб ҷарроҳӣ карда нашудаасту аппендитсити шадидро беозор аз cap гузарондааст, тағйирот боқӣ мемонад. Ин тағйирот метавонад боиси хурӯҷи такрорӣ ва нисбатан вазнинтар шавад. Шахсоне, ки ба аппендитсити такрорӣ гирифтор шудаанд, доимо зери хавфи cap задани хурӯҷи нав қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар саёҳати туристӣ ва экспидитсияҳои илмӣ дар маҳаллҳои каммаскун (дар ҷойҳое, ки ёрии ҷарроҳии таъҷилӣ душвор аст) ширкат наварзанд.

Сабаби асосии оқибатҳои нохуши аппендитсити шадид ба духтур дер муроҷиат кардан аст, зеро одамон дарди шикам, беҳузур шудани дил ва қайро (хусусан агар ин аломатҳо дар кӯдак рӯй диҳанд) бисёр вақт аз «вайрон шудани меъда» медонанд. Ғайр аз ин, онҳо ба воситаи доруҳои исҳоловар ё имола рӯдаро тоза карданӣ мешаванд, ки билкул норавост, зеро газак ба перитонити фарогиранда табдил меёбад. Бояд донист, ки дарди шадиди шикам бисёр вақт бо хурӯҷи аппендитсит вобаста аст. Бинобар ин ҳангоми дарди сахт бояд ҳатман духтурро даъват карда, то омадани ӯ беморро бистарӣ намудан лозим аст; ба рӯи шиками бемор зарферо бо ях ё оби хунук мегузоранд. Истеъмоли доруҳои таскиндиҳандаи дард лозим нест, чунки кам шудани дард боиси ташхису табобати нодурусти беморӣ мегардад. Дар аснои аппендитсити музмин бемор аз қабзият, беҳузур шудани дил, муттасил ё гоҳ-гоҳ дард кардани атрофи кӯррӯда шикоят мекунад. Ин аломатҳои аппендитсити музмин буда, метавонад ҳар вақт ба аппендитсити шадид гузарад.

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Овезомос чист? Маънии овезомос(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 21 июни 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш