Апперсепсия (лот. abpeceptio — дарк кадан) — вобастагии идрок ба таҷрибаи гузашта, мазмуни умумии фаъолияти рӯҳии инсон ва хусусиятҳои фардии ӯ.

Шахс ҳодисаҳои олами берунаро аз рӯи синнусол, дониш, шавқу ҳавас, одат ва аҳволи иҷтимоии худ дарк менамояд. Истилоҳи «апперсепсия»-ро бори аввал олими немис Г. Лейбнитс (1646—1716) ба илм дохил кардааст. Ба ақидаи ӯ апперсепсия мазмуни муайянро сареҳан дарк кардани рӯҳ аст. В. Вундт (ба туфайли ӯ апперсепсия дар психология васеъ татбиқ шудааст) дар апперсепсия се ҷанбаро муттаҳид намудааст: дарки ашё, ягонагии он ва ба таҷрибаи гузашта вобаста будани апперсепсия ӯ кӯшиш кард, ки бо ёрии апперсепсия хусусияти интихобӣ доштани шуур ва рафторро шарҳ диҳад. Психологияи илмии муосир апперсепсияро ҳамчун натиҷаи таҷрибаи ҳаётии шахс шарҳ медиҳад, ки пешбарии фарзияро оид ба хосиятҳои объекти даркшаванда ва дарки бошууронаи он таъмин мекунад. Далели бебаҳс аст, ки одамони гуногун (ва ҳатто як одам дар вақтҳои гуногун) метавонанд ин ё он ашёро ба тарзҳои гуногун ё, баръакс, ашёи гуногунро мисли ҳамон як ашё дарк намоянд. Ин чунин маънӣ дорад, ки дарки ашё нусхабардории одӣ набуда, офаридани образ аст, ки зери таъсири захираҳои дониши шахс ва ғ. ба амал меояд. Вобаста ба ин апперсепсия доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Апперсепсияи доимӣ ба ҷаҳонбинӣ ва эътиқод, апперсепсияи муваққатӣ ба ҳолати рӯҳии инсон вобаста аст. Апперсепсия дар таълим аз барқарор намудани алоқаи байни донишҳои нав ва пешин иборат мебошад.

Адабиёт

вироиш