Аппон
Аппон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт. Аз Аппон то маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон 29 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 5162 нафар (2009), асосан тоҷикон ва узбакҳо.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ашт |
Ҷамоат | Деҳоти Ошоба |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5162 тан (2009) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3453 |
Иқтисод
вироишДеҳа 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 дорухона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, клуб, толори кинонамоишдиҳӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ, 2 маркази савдо, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, ошхона ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи пойгоҳи обкаши «Чумчуқҷар» аз рӯди Сир обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аппон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.