Апробатсия
Апробатсия (аз лот. approbatio — тасдиқ, эътироф кардан, маъқул шуморидан) — тадқиқи навъҳои зироати тухмӣ, дурага ва ниҳоли мева бо мақсади муайян намудани сифат ва қобили истифода будани ҳосили онҳо.
Апробатсия дар саҳро пеш аз ғунучини ҳосил асосан аз рӯи аломатҳои морфологии растанӣ (хӯша, ҷорӯбак, ғилофак, тухм ва ғ.) гузаронда мешавад. Аломатҳои растанӣ дар рафти сабзиш аз таъсири хок, иқлим, агротехника ва ғ. тағйир меёбанд. Бинобар ин, ҳангоми апробатсия маҷмӯи аломатҳоро ба назар мегиранд. Дар аснои апробатсия осеби расондаи ҳашарот, касалӣ ва ғ. низ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳамаи кишти навъҳои зироати тухмии хоҷагиҳо, муассисаҳои илмӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии мактабҳои олӣ, хоҷагиҳои тухмипарвар ва ғ. Апробатсия карда мешаванд. Апробатсияро дар муассисаҳои тадқиқоти илмӣ комиссия дар ҳайати селексионер, агрономи шӯъбаи тухмипарварии ҳамон муассиса ва агрономи раёсати вилояти (ҷумҳурияви)-и кишоварзӣ, дар хоҷагиҳои парвариши тухмиҳои яккачин агрономи муассисаи селексионию таҷрибавӣ ва раёсати вилоятӣ (ҷумҳуриявӣ), дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ яке аз мутахассисони ботаҷрибаи ноҳия (ҳамроҳи агрономи хоҷагӣ) ва дар дигар хоҷагиҳо агрономи ҳамон хоҷагӣ мегузаронанд.
Дар боғҳо апробатсия бо мақсади интихоб кардан ва ба қайд гирифтани қитъа ё дарахтони алоҳида, барои тайёр кардани қаламчаҳои навъи олӣ ва солим, инчунин дар ниҳолистонҳо барои боэътимод ва хушсифат гардондани ниҳолҳо гузаронда мешавад. Апробатсияро, одатан, ҳамон вақт мегузаронанд, ки аломатҳои морфологӣ (барг, хӯша ва мева) баръало зоҳир гашта бошанд. Баъди санҷиш ҳуҷҷат тартиб дода, дар он масоҳати боғ ва адади дарахтони навъи асосӣ, ҳосилнокӣ, вазъи боғҳо, мавҷуд будан ё набудани касалиҳоро қайд мекунанд. Мувофиқи ҳуҷҷат ҳар қитъа ба яке аз гурӯҳҳои зерин дохил карда мешавад: боғҳои истеҳсолӣ, ниҳолҳои пайванддӯст, навъҳои ба шароити маҳал мутобиқкардапробатсия Боғҳои истеҳсолиеро, ки аз апробатсия гузаштаанд, ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд:
- боғҳои серҳосил, ки ниҳолҳои хуб дошта, аз касалиҳо эминанд ва тақр. 90 фоизи дарахтонашон аз навъи асосӣ иборат аст;
- боғҳое, ки ҳосили баланд, ниҳолҳои солим дошта, аз касалиҳо эминанд ва тақр. 75 фоизи дарахтони онҳо аз навъи асосӣ иборат мебошад;
- боғҳое, ки зиёда аз 25 фоизи ниҳолҳо аз навъҳои гуногун иборат буда, камҳосиланд ва нағз инкишоф наёфтаанд.
Дар боғу токзори гурӯҳҳои 1 ва 2 дар зарфи 3 сол аз рӯи аломатҳои манфӣ саросар селексия мегузаронанд (гуногуннавъӣ, ниҳолҳои касал, беҳосил ва камҳосилро ба қайд мегиранд). Аз чунин ниҳолҳо тайёр кардани қаламча мумкин аст. Дар боғҳои гурӯҳи 3-юм аз рӯи аломатҳои мусбат корҳои селексионӣ гузаронда мешаванд (ниҳолҳои солим, нашъунамояшон хуб ва серҳосили навъи асосиро ба қайд мегиранд). Ҳангоми апробатсияи ниҳолхона ниҳолҳоро саросар аз назар гузаронда, ба навъҳо ҷудо мекунанд. Ниҳолҳое, ки навъи онҳо аниқ муайян карда намешавад, инчунин ниҳолҳои ба шароити маҳал мутобиқнашударо канда мепартоянд. Асосан чунин аломатҳои ниҳолҳо ба назар гирифта мешаванд: шакли ниҳол (навдаҳои рост ё парешон), нӯги навда, барг (нишонаҳои морфологӣ, ки ҳангоми тавсифи ботаникӣ истифода мешаванд), ранг ва ғ. Апробатсия роҳи босамари хушсифат гардондани зироати кишоварзӣ мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Апробатсия / Ф. Ӯрунов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.