Арас

(Тағйири масир аз Аракс)

Аракс (форсӣ: ارس‎, тур. Aras, озарбойҷонӣ: Araz), Аракс (арманӣ. Արաքս[1] (Arakʿs)) — рӯд дар Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, шохоби рост ва бузургтарини рӯди Кура.

Арас
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Арас
дар Викианбор

Дарозиаш 1072 км, масоҳати ҳавзааш 100 ҳазор км². Аракс аз нишебии қаторкӯҳҳои Бингёл (дар Туркия) сар шуда, қад-қади сарҳади давлатии Арманистон ва Озарбойҷон ҷорӣ аст. Болообаш водии тангу чуқур, ҷараёни миёнааш ҳамвории Арарат ва поёнобаш ҳамвориҳои Мил ва Муғонро бурида мегузарад. Манбаи Аракс бештар обҳои зеризаминӣ ва барф мебошад. Давраи пуробиаш март — июн. Дар мавсими боронгарӣ (ноябр, дек.) обхезӣ мешавад. Сарфи миёнаи об дар поёнобаш 205 м³/с. Дар як сол 7,6 км³ об ҷорӣ шуда, 16 млн тонна обовард меорад. Шохобҳои калонаш: аз чап — Ахурян, Раздан, Арпа, Воротан (Баргушод); аз рост — Котур, Қаросу. Дар Аракс обанбор ва НБО ҳаст. Обаш асосан барои обёрӣ истифода мешавад.

  1. Инструкция по русской передаче географических названий Армянской ССР(рус.). rosreestr.ru(пайванди дастнорас — таърих). 2 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 октябри 2015. / Сост. Г. Г. Кузьмина; Ред. Э. Г. Туманян. — М., 1974. — С. 8 — 22 с. — 1000 экз.

Адабиёт

вироиш