Арамбегим Маҳтобшозода
Маҳтобшозода Арамбегим Бозор (4 марти соли 1961, Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳтобшозода Арамбегим Бозор | |
Таърихи таваллуд: | 4 март 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ: | Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишМаҳтобшозода Арамбегим Бозор 4 марти соли 1961 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик.
- Солҳои 1983-1999-муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои №12 ва № 5-и шаҳри Хорӯғ;
- Солҳои 1999-2004-раиси Кумитаи занони Ҳукумати шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 2004-2006-муовини мудири шуъбаи иҷтимоии фарҳангии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Солҳои 2006-2008-мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 2008-2010-раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Солҳои 2010-2011-муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Солҳои 2011-2016-директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ;
- Аз моҳи ноябри соли 2016 — то 18 сентябри соли 2018 дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кор кардааст.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.[1]
Ҷоизаҳо
вироиш«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Соли 2011 бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Сарчашма
вироиш- ↑ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2020.