Арастуия
Арастуия, аристотелизм — ба маънии маҳдуд таълимоти пайравони Арасту.
Он ба мактаби машшоияи Юнон мутобиқат намекунад, зеро машшоёни қадим баъди Теофраст то а. 1 то м. ба А. ҳеҷ робита надоранд. Ба маънои нисбатан васеаш таърихи таъбиру таъвил, интишор, тарҷума ва нуфузи асарҳои Арасту ва алоқаҳои марбут ба омӯзиши таълимоташ дар анъанаҳои мухталифи илоҳиёти асрҳои миёна аст. Истилоҳи арастуияро бори аввал Страбон ба кор бурдааст. Патристикаи (маҷмӯи доктринаи фиқҳӣ, фалсафӣ ва сиёсии мутафаккирони масеҳӣ) қадимии шарқӣ аз навафлотуния ғизои маънавӣ гирифта, Евномия, Василийи Кабир, Григорийи Ниссӣ ва Феодорит ақидаҳои бидъатонаро маҳкум намуда, решаҳои онро дар силогистикаи Арасту мебинанд. Русухи мафҳуму истилоҳоти Арасту бобати илоҳиёти масеҳият дар осори Леонтии Византиягӣ (тақр. 475—543) мушоҳида гардида, он ба Максими Рӯҳонӣ низ таъсир гузошт. Эътирофи расмии мантиқи Арасту (ҳамчун «хидматгор»-и илоҳиёт) дар «Диалектика»-и Ионни Димишқӣ ба назар мерасад. Анъанаи шарҳу тафсир а. 11 дар фаъолияти пайрави таълимоти Афлотун Михаил Пселл ва шогирдонаш Михаили Эфессӣ ва Иоанн Итал рӯнамо шуд. Минбаъд ин анъанаро Феодор Продром ва Иоани Сетсис (а. 12), Никифор Влеммид (а. 13), Георгий Пахимер, Мануил Холобол, Феодор Метохит (а. 14) идома доданд. Мунозира байни Плифон (тақр. 1439), ки умуман арастуияро рад кардааст ва Георгий Схоларий (муҳофизи арастуияи томистӣ) муборизаи байни пайравони Афлотун ва Арастуро дар Италия (а. 15) тақвият бахшид. Ёдгории муҳимтарини арастуияи византиягӣ садҳо дастнависи асарҳои Арасту (қадимтаринашон а-ҳои 9 — 10) мебошад.
Арастуияи суриёнӣ ҳалқаи робитаи байни арастуияи юнонию арабӣ мебошад. Асарҳои мантиқии Арасту ва «Муқаддима»-и Порфирийро настуриёни суриёнӣ барои ба роҳ мондани таълимоти илоҳиёт, гомилетика ва апологетика аз худ кардаанд. Усқуфи Эдесс Ива (435) ва муосиронаш Куми ва Проб (муаллимони мактаби илоҳиётшиносии Эдесс) бори аввал қисматҳои «Органон» («Арғунун»)-и Арасту ва «Муқаддима»-и Порфирийро ба забони суриёнӣ тарҷума намуданд. Император Зенон (489) мактаби Эдессро баст ва настуриён ба Форс омада дар Насибия ба омӯзиши асарҳои мантиқии Арасту идома медоданд. Намояндаи барҷастаи аҳли илми он давр Сергий (ваф. 536) роҳбари табибони ш. Решайни Байнаннаҳрайн, мутарҷими асарҳои Ҷолинусу Арасту ва муаллифи як силсила рисолаҳои ҷолиб роҷеъ ба мантиқ буд. Мутарҷимони машҳури асарҳои Арасту дар а-ҳои 9 — 10 настуриёӣ Ҳунайн ибни Исҳоқ (ваф. 877) ва писари ӯ Исҳоқ ибни Ҳунайн (ваф. 911) буданд. Намояндагони маъруфи А. дар Шарқи Наздик ва Миёна Киндӣ, Розӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Ибни Рушд маҳсуб меёбанд. Фақат муаллифи «Таҳофут-ул-фалосифа» Ғазолӣ муқобили он буд. Ғазолӣ қаблан дар «Мақосид-ул-фалосифа» нисбат ба таълимоти фалсафии Арасту (мантиқ, илоҳиёт ва табииёт) ибрози андеша кардааст. Ҳамин асар миёнаи а. 12 аз ҷониби Доминика Гундисалви дар Толедо ба лотинӣ тарҷима шуда, он дар Ғарб яке аз китобҳои машҳури дарсӣ оид ба А. гардид. Дар Шарқи Наздик ва Миёна арастуияро аз анъанаҳо (навафлотунияи атиқаи мутааххир) қабул карданд ва он ба симои арабии Арасту нақш гузошт. Айни замон арастуияи арабӣ ба дигар илмҳо (тиб, ҳайат, риёзиёт) бештар алоқамандӣ дошт. Онро на чун дар Ғарб ба Библия, балки ба Қуръон мувофиқ мекарданд. арастуияи навафлотуникунонидашуда дар таълимоти Киндӣ, ғояи судур ва қазову қадар дар таълимоти Ибни Сино зоҳир мегашт. Форобию Ибни Сино рӯйрост абадияти оламро таълим медоданд.
Дар фалсафаи европавии асрҳои миёна арастуия миёнаҳои а. 12 аз Иброҳим ибни Довуд оғоз ёфт. Осори ӯ зидди равияи навафлотунии Ибни Ҷебирол равона шуда буд. Маймонид ба тавассути омезиши яҳудия ва А. кӯшидааст, ки «схоластикаи европавӣ»-ро ба вуҷуд оварад. Таълимоти Арасту дар фалсафаи европавӣ роҷеъ ба абадияти олам ҷояшро ба креатсионизми Библия додаст, вале дар маърифати олами таҳтулқамар мақому нуфузи Арасту раднопазир мебошад. Асрҳои 13 — 14 фалсафаи пайравони Арасту байни яҳудиёни Испания ва Прованс интишор ёфт. Леви ибни Гарсон (1288—1344) аз шореҳони осори Ибни Рушд гардид. Миёнаҳои а. 12 ба тавассути Мактаби Шартр китоби Арасту «Органон» («Арғунун») пурра дастраси аҳли илм гардид ва бо номи «мактаби нав» шӯҳрат ёфт. Тарҷумаи асарҳои мутафаккир бевосита аз забони юнонӣ ё аз арабӣ баробар сурат мегирифт. Аввалин тарҷумаҳо аз забони юнонӣ ба Якови венетсиягӣ (1128) ва саррӯҳонии Катания Генрих Аристипп (ваф.1162) мансубанд. Ба интишори ғояҳои илмию табиатшиносии А. табибону табиатшиносон Даниили Морлей, Алфреди Англис, Пётри Испанӣ мусоидат карданд. Интишори васеи таълимоти Арасту дар илоҳиёти католикӣ ба фаъолияти Алберти Кабир ва Фомаи Аквинӣ вобаста мебошад. Дар А. 14 жанри нави шарҳу тафсир — саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои фалсафаи Арасту пайдо шуд. Ин айём ҳамчунин нахустин тарҷумаҳои осори Арасту ба забонҳои навевропавӣ ба вуҷуд омаданд.
Дар давраи Эҳё сатҳи матншиносӣ, шарҳу тафсир ва тарҷумаҳои таълифоти Арасту инкишоф ёфтанд, нашри пурраи тарҷумаи осораш ба забони лотинӣ (1472—1474) сурат гирифт. Мубориза муқобили арастуияи асрҳои миёна барои барқарор кардани Арастуи «ҳақиқӣ» авҷ гирифт, вазъи фалсафии а-ҳои 15 — 16 мухолифати афкори Афлотуну Арастуро шадидтар кард. Ибт. а. 13 дар ун-тҳои Оксфорду Париж ба омӯзиши А. таваҷҷӯҳ бештар гардид, вале дар Париж таълимоти Арасту оид ба илоҳиёту табииёт борҳо манъ карда шуд. Соли 1255 фак-ти санъат дар Париж омӯзиши тамоми асарҳои Арастуро ба роҳ монд. Дар мактабҳои протестантӣ Тауреллус (1547—1606), Тимплер (1567—1624), Х. Шейблер (1589—1653), И. Томазиус (1622 — 84) илоҳиёти Арастуро ба илоҳиёти протестантӣ ворид намуданд. Инқилоби илмии а. 17 ва ташаккули тавсифи механикии олам боиси инқирози А. дар соҳаи табиатшиносӣ гардид (ниг. Галилей, Кеплер, Бэкон, Гасендӣ), вале Лейбнис табииёти Арастуро маҳкум намуда, дар илоҳиёт ба телеологизми арастуӣ баргашт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арастуия / Ш. Абдуллозода // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.