Арахнозҳо
Арахнозҳо (юн. arachne — тортанак ва nosos — беморӣ) — як навъ касалии ҳайвонот, ки тортанакшаклҳо ба вуҷуд меоваранд.
Ба чорводорӣ бештар канаҳои хоришак, демодекоз, канаи сурхак ва ғ. зарари калони иқтисодӣ мерасонанд. Ғизои онҳо лимфа, хун, ҳуҷайраҳои пӯст ва маҳсули илтиҳоб мебошанд. Арахнозҳоро ҳамчунин канаҳои хунмак ба вуҷуд меоранд. Дар мавриди бисёр кана задан ҳайвон гирифтори камхунӣ мешавад. Мувофиқи баъзе маълумот як канаи болиғ то 0,1 мл хун мемакад. Чунин навъҳои арахнозҳо мавҷуданд: лингватулез, акароз, псороптоз, хориоптоз, кнемидокоптози паранда, нотоэдрози гурба, саг, харгӯш, отодектози саг, рӯбоҳ, рӯбоҳи шимолӣ, гурба, демодекоз, пиемотози хукбачаҳо ва ғ. А.-и ҳайвонотро арахнологияи ветеринарӣ (байторӣ) меомӯзад. Арахнологияи ветеринарӣ дар баробари дарёфт намудани тадбирҳои мубориза ба муқобили арахнозҳо паҳншавии бемориҳои риккетсиозию вирусии одамро, ки ба воситаи канаҳо мегузаранд, пешгирӣ мекунад. Арахнозҳо хусусан дар ҷавонаҳо ва чорвои лоғар вазнин мегузаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арахнозҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.