Тортанакшиносӣ

(Тағйири масир аз Арахнология)

Тортанакшиносӣ, арахнология (от юн.-қад. ἀράχνη «тортанак» и λόγος — «илм») — бехше аз ҷонваршиносӣ, ки тортанакшаклҳоро меомӯзад.

Таърих

вироиш

Миёнаи тортанакшиносӣ 19 чун соҳаи мустақили илм аз энтомология ҷудо шудааст. тортанакшиносӣ назариявӣ ва амалӣ мешавад. Мавзӯи таҳқиқи тортанакшиносӣ экология, таснифот, таҳаввулот ва зоогеографияи тортанакшаклҳост. тортанакшиносӣ дар робита бо микробиология, вирусология, протозоология ва гелминтология инкишоф меёбад. Вобаста ба аҳамият ё зарари тортанакшаклҳо тортанакшиносиро ҳамчунин ба тортанакшиносии кишоварзӣ (зараррасонҳои растанӣ ва маҳсулотро тадқиқ менамояд), тортанакшиносии тиббӣ (ангезанда ва паҳнкунандагони бемориҳои гузарандаи одамро меомӯзад) ва тортанакшиносии ветеринарӣ (ангезанда ва паҳнкунандагони касалиҳои ҳайвонотро тадқиқ мекунад) ҷудо менамоянд. Вале чунин тақсимот шартист, зеро аҳамияти бисёр тортанакшаклҳо то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Оид ба тортанакшиносӣ (тортанак ва каждумҳои заҳрнок) хусусан ох. тортанакшиносӣ 19 — авв. тортанакшиносӣ 20 пажӯҳишҳои назаррас анҷом ёфтанд. Дар инкишофи ҷиҳатҳои биологӣ, тиббӣ ва ветеринарии тортанакшиносӣ саҳми олими шӯравӣ Е. Н. Павловский арзанда аст. В. тортанакшиносӣ Догел ва шогирдони ӯ оид ба масъалаҳои умумии ҳайвоноти бемӯҳра, аз ҷумла тортанакшаклҳо тадқиқот бурда, ба инкишофи асоси назариявии тортанакшиносӣ кумак расонданд. Тортанакшаклҳо намуду хелҳои зиёд дошта, қариб дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд. Мас., дар Тоҷикистон қариб 700 намуди тортанакшаклҳо мавҷуд аст. Онҳо ба кишоварзӣ зарари калон мерасонанд. Бинобар ин ҳаматарафа ва пурра омӯхтани тортанакшиносӣ аҳамияти бағоят калон дорад. Оид ба тортанакшиносӣ дар Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ, кафедраҳои зоологияи ДМТ, ДДОТ ва кафедраи микробиология, эпизоотология ва паразитологияи ДАТ тадқиқот бурда, усулҳои муборизаро ба муқобили онҳо дарёфт менамоянд.

Адабиёт

вироиш