Арақ (нӯшиданӣ)
(Тағйири масир аз Арақ)
Арақ (ар. ﻋﺮﻕ) — нӯшидании спиртдор; омехтаи спирт ва об.
Мизон | 40 |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Арақро аз ҷавдор, гандум ва ҷав мекашанд. Барои тайёр кардани арақ омехтаи спирт ва об аз қабати ангишти фаъол гузаронда мешавад. арақ метавонад 40, 50, 56 фоиз спирт дошта бошад. Ба арақ қиёмҳои гуногунро низ ҳамроҳ менамоянд. Баъзе анвои Арақро бо роҳи буғронии моеъҳои ширини туршшуда тайёр мекунанд, масалан, аз шираи ангур майи ангур ва аз шираи олуболу майи олуболу ва ғайра. Дар заводу корхонаҳои шаробкашии Тоҷикистон навъҳои гуногуни арақ, чунончи «Шоҳона», «Тоҷикистон», «Душанбе», «Фондарё», «Сим-сим», «Арақи суғдӣ», «Арақи Хайём», «Русская водка», «Белая берёза» ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арақ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.