Арақбодом
Арақбодом — навъе аз бодомҳои маҳаллӣ.
Баргаш нештаршакли нӯгтез, суфтаи ҷилодор, сабзи баланд. Гулаш калони панҷбарга, сафеди сурхтоб. Мевааш майда (вазнаш 1,7 г), лӯнда, пӯсташ тунук ва сахт; мағзаш хурд (1,1 — 1,2 г), пурра, ширин ё андак талх. Дарахташ камҳосил, ниҳоли пайвандиаш баъди 3 — 4 соли шинондан самар меоварад. Давраи нашви арақбодом 120—125 рӯз аст; авв. март гул карда, нимаи июл мағзаш мепазад. Аз дарахти 15 — 20-солааш 8 — 12 кг ҳосил меғундоранд. Мағзи арақбодом хосияти хуби шифоӣ дошта, дар тибби халқӣ фаровон истифода мешавад. Ҳангоми табларза, шикамдард ва исҳол мағзи арақбодомро кӯфта, бо орд атола мепазанд ва мехӯранд. Дар натиҷа бемор арақ карда, шифо меёбад. Марҳами мағзи арақбодом давои хуби фасодрон буда, равғанаш ба дарди гӯш нофеъ аст. Арақбодом бештар дар ноҳ-ҳои Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Конибодом, Панҷакент ва баъзе ноҳ-ҳои водии Ҳисор парвариш карда мешавад. Дарахташ ба камобӣ тобовар буда, аз касалӣ ва ҳашарот зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арақбодом / С. М. Гулов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Розанов Б. С. (ва диг.), Плодоводство Таджикистана, Д. 1970.