Арақ — моеъи берангест, ки ғадуди арақи баъзе ширмакҳо ва одам ихроҷ мекунад.

Арақ

Ғадудҳои арақ дар рӯй, кафи дасту по ва зери бағал ҷой гирифтаанд. арақи одам аз 98 — 99 % об, тақр. 0,1 % карбамид, кислотаи пешоб, креатинин, серин, чарб, кислотаҳои чарб, холестерин, намакҳои металлҳои ишқорӣ — хлоридҳо (аз ҳама зиёд NaCl — қариб 0,3 %), фосфатҳо, сулфатҳо ва оксикислотаҳои ароматӣ иборат аст. Ба ихроҷи арақ ҳамеша тарашшуҳоти ғадуди равған низ ҳамроҳ мешавад. Таркиби арақ аз вазъи организм, суръати ихроҷ ва миқдори моддаҳои гуногун дар хун вобастагӣ дорад. Реаксияи муҳити арақ турш (pH 3,8 — 6,2) ё ишқорӣ (ҳангоми таҷзияи карбамид ва ҷудо шудани аммиак) мебошад. Организми одам дар як шаборӯз аз 0,5 то 10 л, гоҳо бештар аз он (дар вақти кори бошиддати мушакҳо, баланд будани ҳарор. муҳити беруна, вобаста ба миқдори оби нӯшида) арақ ҷудо мекунад. Ҳангоми ноҷӯриҳои организм дар таркиби арақ глюкоза (диабети қанд), пигментҳои талха, систин (систинурия), баъзан эритроситҳо ба мушоҳида мерасанд. арақ метавонад бӯйи нохуш дошта бошад (мас., арақи пой), ки сабаби он мавҷудияти кислотаҳои зудбухори равған аст. Кислотаҳои мазкур дар натиҷаи таҷзияи бактериявии арақ ҳосил мешаванд. Ҳангоми фаъолияти сахти мушакҳо, хусусан мусобиқаҳои варзишӣ, дар таркиби арақ миқдори кислотаи шир (то 500 мг%) ва моддаҳои нитрогендор (дар як шаборӯз то 1 г нитроген) меафзояд.

Адабиёт

вироиш