Арбоб
Арбоб (ар. ارباب) — мансаб дар Аморати Бухоро.
Таърих
вироишДар матнҳои таърихӣ дар шакли танҳо ба маънии «соҳиби мулк», «шахси пулдор» ва «сарватманд» ба кор рафтааст. Арбоб дар аксар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ то Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба маънии заминдорони калон ва соҳиби мулк (деҳот) ба кор мерафт. Дар аморати Бухоро сардори миробҳо ва амлокдорҳоро низ арбоб мегуфтанд. Дар деҳаҳо пирони маҳалларо арбоб меномиданд. Андозе, ки барои таъмини арбоб аз мардум ситонда мешуд (мувофиқи салоҳдиди арбоб) «арбобона» ном дошт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбоб / Л. Бойматов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.