Арбобӣ (навъи зардолу)

Арбобӣ — навъе аз зардолуҳои маҳаллист.

Дарахташ аҳромшакли хамидашох, навдаҳои яксолааш ғафси сурхча. Баргаш дилмонанди нӯгтез (дарозиаш 5,3 см, бараш 4,6 см), рӯяш суфтаи ҷилодор. Аввали апрел гул карда, охири июл мепазад. Мевааш майдаи лӯнда (андозааш 3,1×3,2×3,1 см, вазни миёнааш 17,6 г), зарди норанҷӣ, пӯсташ тунуки пашмакдор, бештар ба меваи зардолуи Қандак монанд аст. Гӯшташ хамираки сероб, сершира ва хуштаъм. Баъди пухтан намерезад (аксар дар шохи дарахт мехушкад). Донакаш майда, мағзаш ширин. Меваашро тар мехӯранд ва ғӯлинг мекунанд. Аз ҳар бех дарахти 80 — 90-сола 65 — 70 кг ҳосил меғундоранд. Арбобӣ ба сармо ва камобӣ тобовар буда, дар заминҳои санглох ва доманакӯҳҳо хуб месабзад. Дарахташ хеле кам мондааст. Дарахтони ҷудогонаи 90 — 120-солаашро дар боғҳои кӯҳнабунёди деҳаи Оббурдани ноҳ. Мастчоҳ пайдо кардан мумкин. Ба ҳосили арбобӣ парандаҳо (заргулдор, майна ва ғ.) ва ҳашароти зараррасон (мас., пармачӣ) зарари калон мерасонанд.

Адабиёт

вироиш