Аргулёз
Аргулёз (Argulosis) — як навъ касалии моҳӣ. Ангезандааш харчангчаҳои ҷинси Argulus.
Хусусан Argulosis foliaceus нисбатан хатарнок аст. Дарозии баданаш 5 — 6 мм; дар ғалсама ва пӯсти гулмоҳию хормоҳӣ зиндагӣ мекунад. Он ба моҳӣ часпида, пӯсту пардаи ғалсамаро мешикофад ва хунашро мемакад. Аз ҷои газидаи харчангча ба бадани моҳӣ бактерия ва вирусҳо дохил шуда, касалиҳои гуногуни сироятиро ба вуҷуд меоваранд. Аз аргулёз хусусан гулмоҳичаҳо зарари ҷиддӣ мебинанд. Бо мақсади муолиҷаи касалӣ ба қабати болои ваннаҳои дуқабата маҳлули 0,001-фоизаи перманганати калий рехта, моҳиҳои касалро ба он сар (30 дақ.) медиҳанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аргулёз / Ҳ. Расулов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.