Ардавони II
Ардавони II, Артабони III[1] (паҳлавӣ: 𐭍𐭐𐭕𐭓, дар таҳқиқоти қадимитар ба иштибоҳ ба унвони Ардавони III шинохта мешавад[2]; асри I то м. — 38) — подшоҳи Ашконӣ, эҳтимолан набераи духтарии Фарҳоди IV.
Таваллуд | асри I то м. |
---|---|
Даргузашт | 38 |
Дудмон | Дудмони Ашконӣ |
Падар | Darius II of Media Atropatene[d] |
Фарзандон | Вардони I, Гударзи II, Arsaces I of Armenia[d] ва Orodes of Armenia[d] |
Эътиқод | маздаясно |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бо дастгирӣ ва пешниҳоди табақаи ҳокими кишвар ба ҷойи Вунуни I ба салтанат расидааст. Дар дуюмин набард бо Ардавони II Вунун шикаст хӯрда, ба Селевк гурехт ва Ардавони II вориди пойтахти кишвар – Тайсафун гардид. Сипас Ардавони II Арманистонро низ тасарруф намуд ва писараш Ардро ҳокими он ҷо таъйин кард. Соли 18 мелодӣ артиши Рум Арманистонро ишғол кард. Бо пешниҳоди Артабон миёни Ашкониён ва римиён аҳдномаи сулҳ ба имзо расид ва Ардавони II ба лашкаркашиҳо ба сарзаминҳои ҳамсоя оғоз намуд. Соли 36 мелодӣ дар пойтахт шӯриш сар зад ва Ардавони II ба назди хешовандони худ ба Гургон фирор кард. Аҳолии Селевк Тиридодро ҷонибдорӣ карданд ва ӯ Тайсафунро муҳосира намуд. Ардавони II бо сипоҳи қавӣ ба сӯи Тайсафун ҳаракат кард. Ардавони II ба Сурия фирор намуд. Баъд аз тоҷгузории муҷаддади Ардавони II императори Рим хоҳони равобити дӯстона миёни Ашкониён ва римиҳо шуд. Аммо нооромӣ дар дохили кишвар идома дошт[1].
Ардавони II соли 38 мелодӣ даргузашт ва ба ҷойи ӯ яке аз писаронаш бо номи Гударз ба тахти подшоҳӣ нишаст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Артабони III // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- ↑ Schippmann, K. (1986). "Artabanus (Arsacid kings)". Encyclopaedia Iranica, Vol. II, Fasc. 6. pp. 647–650. http://www.iranicaonline.org/articles/artabanus-parth#pt3.