Арзанова
Арзанова (пешина Зулмобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км; роҳ худравгард. Аҳолиаш 865 нафар (2010), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Ҷавонон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 865 тан (2010) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3135 |
Иқтисод
вироишКӯдакони деҳа дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Сари Чинор мехонанд. Дар деҳа мағозаҳои молҳои ниёзи мардум, чойхона, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, 2 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд[1]. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёчаҳои Намадмолон ва Кӯлобиён обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.
Адабиёт
вироиш- Арзанова // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.