Ариабҳата (санскр. आर्यभट,; 476[1], тахм. Pataliputra[d], Гуптҳо550, тахм. Pataliputra[d], Гуптҳо) — риёзидон ва ҳайатшиноси ҳинду.

Ариабҳата
санскр. आर्यभट
Таърихи таваллуд 476[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 550
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ ва риёзиёт
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар бораи зиндагии ӯ маълумоти мукаммале нест. Ҳаёт ва фаъолияти Ариабҳата ба давраи Гуптҳо (қарни 4 ва нимаи аввали қарни 6), ки дар таърихи Ҳиндустон аҳди тиллоии инкишофи таъриху тамаддун маҳсуб мегардад, рост меояд. Аз Ариабҳата «Ариабҳатия» ном асараш (таълифаш 498) боқӣ мондааст, ки дар он тамоми донишҳои риёзиву ҳайатшиносии замона ва пешинаи ҳиндуён ҷамъбаст шудааст. «Ариабҳатия» аз чаҳор қисмати иборат аз 118 сатри мансур (қитъа) таркиб ёфтааст. Қисмати I — Дашагитика оид ба системаи тасвир ва ишораи ададҳо мебошад. Қисмати II — Ганитапада пурра ба риёзиёт бахшида шудааст. Қисмати III — Калакрийапада дар бораи муайянсозии вақт баҳс мекунад. Қисмати IV — Голапада ба ҳайатшиносӣ бахшида шудааст. Дар он дар бораи Заамин, Зӯҳра, Зуҳал, Миррих, Муштарӣ ва Уторид сухан меравад. Ғайр аз онҳо Ариабҳата дар бораи Моҳу Офтоб низ маълумот додааст. Ариабҳата дар қисмати ҳайатшиносии асараш ғояи дар атрофи тири худ давр задани Заминро баён кардааст. «Ариабҳатия» чанд маротиба тарҷума ва тафсир шудааст, ки танҳо 12 тафсири гуногуни он аз қарни 6 то нимаи қарни 19 маълум аст. Абурайҳони Берунӣ (973—1048) дар асари худ «Моли-л-ҳинд» дар баробари тавсифи риёзиёти Ҳинд ба Ариабҳата баҳои баланд додаст.

Фаъолияти Ариабҳатаро таърихшиносон В. И. Лапшина, Э. Я. Бахмутская, А. Е. Раик, В. Н. Илина, Г. М. Бонгард-Левина, Э. А. Грантовский, И. Г. Башмакова, А. П. Юшкевич, А. И. Володарский, Б. А. Розенфелд ва дигарон таҳқиқ кардаанд.

Риёзиёт

вироиш

Ариабҳата қимати адади π-ро то саҳеҳии панҷум ҳисоб карда (3,1416), аввалин маротиба мафҳуми «синус»-ро дар илм дохил ва дар ҳисоби ҳайатшиносӣ татбиқ намудааст. Дар «Ариабҳатия» аввалин маротиба дар Ҳиндустон тарзи аз решаи мураббаъ ва мукааб берун овардани адад тавсиф ёфтааст. Маҳз ба тавассути «Ариабҳатия» усули ҳиндии иҷрои амалҳои арифметикӣ ва системаи ҳисоби даҳӣ аз ҳиндуҳо ба кишварҳои исломӣ ва аз он ҷо ба Аврупо роҳ ёфтааст. Асоси системаи рақамҳои ҳиндӣ адади 10 ҳисоб карда мешуд. То замони Ариабҳата асосан системаи шастии ҳисоб роиҷ буд. Ин системаи хисобро шумерҳо ихтироъ карда буданд, ки баъзан системаи шумерӣ низ меноманд. Ариабҳата дар «Ариабҳатия» аввалин маротиба системаи даҳии ҳисобро ворид намуд. Ба ҷои рамзҳои махсус барои навишти 10, 20, 30, 40 ва ғайра Ариабҳата моҳиятан навишти 1×101, 2×101, 3×101, 4×101 ва ғайра ва барои 100, 200, 300, 400 ва ғ. мувофиқан навишти 1×102, 2×102, 3×102, 4×102 ғайраро дохил намуд. Бо истифодаи чунин тарзи ҳисоб адади дилхоҳро осон навиштан мумкин буд. Масалан, адади 706 005 000 400 003 чунин навишта мешуд:

7×1014+6×1012+5×109+4×105+3×100 Эътирофи қимати сифрии ашё низ маҳз ба тавассути «Ариабҳатия» дар илм ворид шуд ва худи Ариабҳата хосияти сифр (0)-ро чунин тавсиф кардааст: «Агар сифрро ба ягон адад ҷамъ созем, он гоҳ адад бетағйир боқӣ мемонад; агар сифрро аз ягон адад тарҳ созем, адад низ бетағйир боқӣ мемонад; вале агар ададро ба сифр зарб созем, ҳамеша сифр ҳосил мешавад».

Дар «Ариабҳатия» якчанд муодилаи хаттии якномаълума мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки намуди умумии онҳоро бо рамзҳои муосири риёзӣ чунин навиштан мумкин аст: ax+b=a1x+b1.

Қоидаи ҳалли чунин муодилаи хаттиро Ариабҳата чунин тавсиф додааст: «Фарқи байни маълумҳоро ба фарқи байни коэффитсиенти назди номаълумҳо тақсим кардан зарур аст»:

Ахтаршиносӣ

вироиш

Ариабҳата нахустин ҳайатшиноси ҳинду буд, ки ба шарҳи илмии кусуфу хусуф пардохтааст. Афкори риёзиву ҳайатшиносии Ариабҳата на танҳо ба инкишофи илмҳои риёзиву табиатшиносии ҳиндуҳо, балки ба инкишофи ҳамин соҳаҳои илм дар Шарқи исломӣ ва Бохтари насронӣ низ таъсир расондааст. Дар охири қарни 8 «Ариабҳатия» ба забони арабӣ зери унвони «Зиҷу-л-Арҷабҳар» тарҷума шуда буд. Аврупоиҳо ба тавассути осори илмии донишмандони исломии асримиёнагӣ, хусусан осори илмии ниёгони тоҷикон — Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ ва Абурайҳони Берунӣ бо риёзиёту ҳайатшиносии ҳиндуҳо, аз ҷумла Ариабҳата ва арқоми ҳиндию системаи ҳисоби даҳӣ ошно шудаанд. Бо номи Ариабҳата аввалин радифи маснӯи Ҳиндустон номгузорӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш