Аристофан
Аристофа́н (юн.-қад. Ἀριστοφάνης; тақрибан 445 то м.[1][2], Афина[6] — 385 то м.[3][4][5][…], Афина[7]) — драматург, шоир, ҳаҷвнигор ва намояндаи мазҳакаи атиқаи Юнони Бостон.
юн.-қад. Ἀριστοφάνης | |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 445 то м.[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 385 то м.[3][4][5][…] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | кумединавис, намоишноманавис, шоир |
Жанр: | comedy[d] |
Забони осор: | забони юнонии бостон[8] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таълифот
вироишАристофан зиёда аз 44 мазҳака навиштааст, ки то замони мо 11-тоаш расидааст: «Ахариҳо» (425), «Савораҳо» (424), «Абрҳо» (423), «Занбӯрҳо» (422), «Сулҳ» (421), «Мурғон» (414), «Занон дар иди Фесмофорий» ва «Лисистрата» (411), «Ғукҳо» (405), «Занон дар маҷлиси халқӣ» (392), «Плутос» (388); аз дигар асарҳояш қариб 900 порчаи хурд боқӣ мондааст. Дар мазҳакаҳои Аристофан, асосан, сиёсати ҷангҷӯӣ, афзоиши нобаробарии ҷамъиятӣ, ҷараёнҳои ғоявие, ки асоси анъанаҳои демократияи Афинаро заиф мекунанд, мазаммат шудаанд. Аристофан дар осори худ баъзе хислатҳои ашхоси таърихӣ, ҳамзамонони худ (авомфиреб Клеон, файласуф Суқрот)-ро ифода кардааст. Мазҳакаҳои Аристофан дорои ҳаҷви тезу тунд буда, ба онҳо дар замони Эҳё Эразми Роттердамӣ, Ф. Рабле, дар қарни 18 Г. Филдинг, дар замони шӯравӣ А. В. Луначарский баҳои баланд додаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Istituto dell'Enciclopedia Italiana Enciclopedia on line (итол.)
- ↑ 2.0 2.1 Pincelli M. A. Machiavelli. Enciclopedia machiavelliana (итол.) / G. Sasso — Istituto dell'Enciclopedia Italiana, 2014.
- ↑ 3.0 3.1 Ярхо В. Н., Ярхо В. Н. Аристофан // Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
- ↑ 4.0 4.1 R. C. J. Aristophanes (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 2. — P. 499—501.
- ↑ 5.0 5.1 Аристофан (рус.) // Анрио — Атоксил — 1926. — Т. 3. — С. 336—338.
- ↑ 6.0 6.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118503987 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 7.0 7.1 Аристофан (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — Сент-Питерсберг: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. II. — С. 93—94.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Аристофан // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.