Ариэл
Ариэл (англ. Ariel) — яке аз равшантарин радифони калони Уран.
Ариэл | |
---|---|
Иктишоф | |
Кашшоф | Вилям Лассел[d] |
Таърихи кашф | 24 октябр 1851 |
Мушаххасоти мадорӣ | |
Нимқутри бузург (a) | 191 020 км |
Хуруҷ аз маркази мадорӣ (e) | 0,0012 |
Давраи тановуби мадорӣ | тақрибан 2,52 Рӯз |
Аносири мадории Кеплерӣ (i) | 0,0045 рад |
Радифи | Уран |
Мушаххасоти физикӣ | |
Масса (m) | 1,353 ± 0,1201021 иоттаграмм[1] |
Иттилоот дар Викидода |
Ариэл 40 фоизи равшании афтандаро инъикос мекунад. Ариэлро У. Пуассел кашф карда (1851) номашро Ҷ. Гершел пешниҳод кардааст. Тахмин меравад, ки Ариэл аз 50 фоиз яхи обӣ, 30 фоиз ҷинсҳои сангӣ ва 20 фоиз яхи метан иборат аст. Сатҳи Ариэлро тангноҳо ва водиҳо убур мекунанд. Дар Ариэл минтақаҳои калон бо миқдори ками танӯраҳо мавҷуданд. Ин аз фаъолнокии геологии Ариэл шаҳодат медиҳад. Сатҳи Ариэл дар бисёр ҷойҳо бо таҳшинҳои маводи сафед (шояд қирави обӣ бошад) пӯшида шудаанд. Баландии девораҳои водиҳои рифтӣ то 10 км-ро ташкил медиҳад. Баъзе минтақаҳои он ҳамворанд ва гӯё бо лойи моеъ пӯшида шуда бошанд, ки ин далолати мавҷуд будани селаҳои моеъ дар гузаштаи наздики геологӣ мебошад. Манбаи энергияи фаъолнокии Ариэл номаълум аст, зеро таъсироти мадду ҷазрии он ба дигар ҷирмҳои осмонӣ зоҳир нагардидааст. Ҳамчун дигар радифони нисбатан калони Уран фақат як тарафи Ариэл ҳамеша ба сайёра нигаронда шудааст. Мутаассифона, танҳо рӯяи бо Офтоб равшаншудаи Ариэл тадқиқ карда шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ариэл // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.