Ариқтоғ (қабристон)

Ариқтоғқабристон дар ноҳияи Шаҳритӯс, дар доманаи қаторкӯҳи Ариқтоғ, дар қисми шимоли водии Бешкент.

Анатолий Манделштам солҳои 1955—1959 дар он ҳафриёт гузаронд. Қабрҳои давраи охири асри биринҷӣ ва ибт. асри оҳан (ох. ҳазорсолаи 2 то м. ва ибт. м.) ёфт шудаанд. Қабрҳои куҳна доирашакл ва росткунҷа канда шуда, иҳотаи сангӣ доранд ва як ҷасад дар чуқурии одӣ гӯронда шудааст. Дар қабрҳо досу дастпонаҳои биринҷӣ ва зарфҳои сафолӣ пайдо шуданд. Қабрҳои арафаи асрҳои милод лаҳад доранд. Аз ин қабрҳо зарфҳои сафолӣ ва се пайкони найза пайдо шуданд. Давраи охири қабристон ба замони ҳуҷуми гурӯҳҳои калони бодиянишин ва инқирози давлати Юнону Бохтар рост меояд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш