Арк — ёдгории бостонии меъморӣ.

Қалъаи амир ё ҳокимнишин дар дохили ҳисори шаҳр, қасри подшоҳӣ. Дар манбаъҳои асримиёнагии Шарқ бо истилоҳи куҳандиз, кох ва қаср маъмул аст. Одатан, арк дар маркази шаҳр ҷойгир шуда, дар баландии табиӣ ё болои суфаи баланди махсус бунёд мегардид. Атрофи он девори мустаҳкам, аз як тараф ё ду тараф дарвоза дошт. Дар дохили арк саройи шоҳон ва амирон, манзилгоҳи амалдорон ва сарлашкарон, девон, зарбхона ва зиндон, масҷид, ҳаммом, барои бандиён канахонаю обхона мавҷуд буд. Барои таъмиру тармими сохтмон, девори қалъа ва иморатҳои он аз тарафи ҳукумат мансабдори махсус — кутвол таъйин мегардид. Ин қабил аркҳо дар Самарқанд, Бухоро, Хева, Тирмиз, Урганҷ, Қӯқанд, Тошканд ва дигар ш-ҳои калони Осиёи Миёна сохта шудаанд. Дар бештари онҳо ҳафриёт гузаронда шудааст. Аз ҷумла дар Арки Бухоро дар натиҷаи ҳафриёт бозёфтҳои нодири бостонӣ ба даст омаданд, ки онҳо аз таъриху давру замон, таърихи бунёди арк, вазъу шароити зиндагии мардум, машғулияти мардум ва ғ. маълумоти ғанӣ медиҳанд. Дар назди дарвозаи арк қатлу ҷазодиҳӣ сурат мегирифт. Имрӯз аркҳо ба музейҳои таъриху кишваршиносӣ табдил ёфтаанд. Аркҳои Бухоро ва Хева имрӯз ҳам ба хубӣ маҳфуз мондаанд.

Адабиёт

вироиш