Аркони мусиқӣ
Аркони мусиқӣ (форсӣ: ارکان موسیقی) — унсури зарбиест, ки дар мусиқии классикии форс-тоҷик низоми зарби дафро дар оҳанг ба вуҷуд меоварад.
Аркони мусиқӣ одатан ба иқоъ мутааллиқ буда, аз сабабу ватад ва фосила иборат аст. Агар атонини ягон оҳангро ба назар гирем, муайян мешавад, ки он аз кадом рукнҳо таркиб ёфтааст, яъне аз рӯи гаронию сабукии зарбҳо аркони мусиқӣ маълум мегардад. Масалан, аркони мусиқии усули «Рамал» чунин аст: Аз рӯи зарбот вай ба доираи чоруми зарбӣ мутааллиқ буда, рукни он аз 3 зарб, яъне 8 нақра иборат аст, ду сабаби сақил ва як фосилаи кубро: тана-тана-тананин, бака-бака-бака-бум.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аркони мусиқӣ / И. Раҳимов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.