Арконӣ — навъе аз харбузаҳои дерпаз.

Асосан дар вилояти Суғд, водии Вахшу Ҳисор, инчунин вил-ҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии ӯзбекистон мепарваранд. Баъди 110—115 рӯзи кишт пухта мерасад. Арконӣ хеле серҳосил аст; ҳар палакаш 3 — 4 харбуза мебандад. Самараш тухмшакл, дарозиаш 30 — 40 см, вазнаш 4 — 8, баъзан то 16 — 20 кг. Пӯсташ чиндор, рангаш сабзтоб (доғҳои майда дорад). Мағзаш сабзи кушод, ғафс (5,5 — 6 см), сершира, ширину хуштаъм, 8 — 9,1 % қанд ва 8,6 — 11,3 % моддаҳои хушк дорад. Тухмаш калони каҷҷак, рангаш зарди кушод. Аз ҳар га 200—405 сентнер ҳосил мегиранд. Барои дар зимистон нигоҳ доштан (дар Хуҷанд онро то иди Наврӯз нигоҳ медоранд) ва ба роҳи дур кашондан хеле мувофиқ аст. Дар заминҳои навкорам ҳосили фаровон медиҳад. Арконӣ ба касалиҳои пажмурдагии фузариозӣ ва гарда тобовар аст.

Адабиёт

вироиш
  • Гулмамадов М., Зироатҳои полизии Тоҷикистон, Д., 1985;
  • Дастури полизкор, Д., 1987.