Арманиҳо
Арманиҳо (арманӣ. Հայեր, hayer [hɑˈjɛɾ]) — мардум, аҳолии асосии Арманистон (тақрибан 145,6 ҳазор нафар) ва Қарабоғи Кӯҳӣ (145,6 ҳазор нафар).
Сукунат | |
---|---|
Забон | арманӣ |
Дин | Armenian Apostolic Church[d], Armenian Catholic Church[d], Armenian Evangelical Church[d] ва Hetanism[d] |
Ҷузъе аз | Indo-European people[d] |
Гурӯҳҳои қавмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Одатан дар Гурҷистон (тақр. 440 ҳазор нафар), Эрон (200 ҳазор нафар), Туркия (150 ҳазор нафар), Лубнон (150 ҳазор нафар), Сурия (120 ҳазор) сукунат доранд. Ҷамоатҳои нисбатан бузургтари арманиҳо дар ИМА (700 ҳазор), Россия (бештар аз 535 ҳазор), Франсия (270 ҳазор нафар) ва дигар давлатҳо (тақр. 70 ҳазор нафар) низ зиндагӣ мекунанд. Шумораи умумии аҳолии армантаборро муҳаққиқон дар ибт. қарни 21 бештар аз 10 млн нафар ҳисоб кардаанд. Арманиҳо ба 40 лаҳҷаи забони арманӣ такаллум мекунанд. Ҳамчунин аз забони мамлакате, ки дар он зиндагӣ доранд, хуб истифода мебаранд. Хати арманӣ ба асоси алифбои он (қарни 5) тартиб дода шудааст. Эътиқодмандон аслан пайравони масеҳиянд, вале католикҳову протестантҳо низ ҳастанд. Ташаккули халқияти арманиҳо дар ҳудуди Осиёи Хурд ба қарни 2 то м. рост меояд. Дар ин ҳудуд яке аз қабилаҳои бузург — хетҳо тасаллут доштанд ва ҳудуди будубоши аҷдоди арманиҳо — Хайас (этноними хай аз ин ҷост), ки як қисмаш «Арматана» ном дошт, дар қаламрави хетҳо буд. Дар муттаҳидшавии этникии арманиҳо давлати Урарту (а-ҳои 9 — 6 то м.) нақши муҳим дошт, вале аз қарни 7 авввал арабҳо, сипас Салҷуқиён ва баъдтар муғулҳо ва аз қарни 17 Империяи Усмонӣ ва форсҳо давлати арманиҳоро тасарруф кардаанд. Дар ибт. қарни 19 қисмати бештари Ш-и Арманистон ба Россия ҳамроҳ карда шуд. Арманиҳо асосан ба кишоварзӣ, токпарварӣ, боғдорию зироаткорӣ ва чорводорӣ (ҳайвоноти калони шохдор, хукпарварӣ, асп ва астарпарварӣ) машғуланд. Аз ҳунармандӣ бештар қолинбофӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, хотамкорӣ маъмуланд. То ибтидои қарни 20 оилаҳои калоннуфуси бар асоси анъанаҳои падаршоҳӣ зиндагикунанда бештар буданд. Хонаҳояшон чоркунҷашакли бе тиреза, аз санг сохта шуда бомаш аҳромшакл буд (бештар дар қаряҷот). Чунин хонаҳо глхатун ном дошта, равшанӣ ба хона аз равзан, ки вазифаи дудбароро низ иҷро мекард, ворид мегардид. Хонаҳо ба тавассути оташдонҳо ё бухориҳои гилии дар девор илҳоқшуда гарм карда мешуданд. Хонаҳои шаҳриён нисбатан замонавӣ буда, ду ё се қабат доштанд. Онҳо аз хишти пухта сохта шуда, шаклҳои меъмории гуногун доранд. Эҷодиёти даҳанакии арманиҳо хеле бой ва рангин буда, аз афсонаҳо, суруду таронаҳо, ҳамосаҳо иборат аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арманиҳо / Б. Раҳматов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.