Арматура
Армату́ра (лот. armatura) — маҷмӯи олоту деталҳои фаръӣ (одатан, стандартӣ), ки ба таркиби таҷҳизоти асосӣ дохил намешаванду барои таъмини кори мӯътадили он заруранд.
Дар техникаи стандартӣ арматураи трубопровод (вентил, кран, клапан ва ғ.), дар техникаи электрикӣ арматураи электротехникӣ (патрон, васлак, калид ва ғ.), дар бинокорӣ арматураи конструксияҳои оҳанубетониро истифода мебаранд. Мас., дар таркиби оҳанубетон арматура барои мустаҳкам шудани маснуот хизмат мекунад. Арматура асосан дар шакли мил, сим ё симтӯрҳои пӯлодин дар дохили бетон гузошта мешавад (ниг. Оҳанубетон). Меъморони Осиёи Миёна арматураро аз қадим истифода мебурданд. Мас., барои мустаҳкам шудани лойдевор андаруни он синҷ мегузоштанд, ба лой коҳ илова мекарданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арматура // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.