Армуғон (нашрия)
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]]
«Армуғон» — нашрияи «Анҷумани адабии Эрон», маҷаллаи адабии ҳармоҳае, ки бо сарварии Ваҳиди Дастгирдӣ дар Теҳрон нашр мешуд.
Таърих
вироишШумораи нахустинаш январи 1920 ва шумораи охиринаш декабри 1942 ба табъ расидааст. Дар «Армуғон» Ваҳиди Дастгирдӣ ва дигар адабиётшиносону адибон, шоирони Эрон оид ба адабиёти классикии форс-тоҷик, адабиёти форсизабони Ҳиндустон, адабиёти араб, адабиёти халқҳои ҷаҳон ва ғ. мақолаҳои илмии пажӯҳишӣ менавиштанд. Дар «Армуғон» инчунин тарҷумаи ҳол ва намунаи осори адибони ҷаҳон ба табъ мерасиданд. «Армуғон» соле даҳ шумора нашр мешуд. Дар шумораҳои 11 — 12 ашъори шоирони форс-тоҷик, баъзан девонҳо ба табъ мерасиданд (мас., девони Абулфараҷи Рунӣ, дубайтиҳои Боботоҳири Урён ва ғ.). Дар «Армуғон» намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардуми Эрон, афсонаву ривоятҳои халқӣ, ашъори ба лаҳҷаҳои гуногуни забони форсӣ дар минтақаҳои гуногуни Эрон эҷодгардида ба табъ мерасиданд. «Армуғон» барои омӯзиши адабиёти классикии форс-тоҷик ва эҷодиёти шифоҳӣ (фолклор)-и Эрон манбаи пурарзиш аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Армуғон / Ф. Наҷмонов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Чайкин К., Краткий очерк новейшей персидской литературы, М., 1928