Арслонхон Муҳаммад ибни Сулаймон (? — 1130, Балх) — охирин ҳокими Мовароуннаҳр (1102—1130) аз сулолаи Қарохониён.

Арслонхон
Падар Сулаймонтегин[d]
Фарзандон Q17032747?

Бо ёрии Султон Санҷар ба тахт нишаст. Дар аҳди Арслонхон сохтмон ривоҷ ёфта, арк ва деворҳои Бухоро барқарор ва масҷиду мадрасаҳои бисёре сохта шуданд. Арслонхон дар охири умр ба бемории фалаҷ гирифтор шуда, ҳамроҳи писараш Наср ҳукм меронд. Рӯҳониён аз ҳукмронии Наср норозӣ буданд ва дере нагузашта ӯро ба қатл расонданд. Арслонхон аз Санҷар имдод хост, вале байни Арслонхон ва Санҷар низоъ афтод ва султон Самарқандро забт карда, Арслонхонро ба Балх бурд. Дере нагузашта Арслонхон дар он ҷо вафот кард.

Адабиёт

вироиш