Артрогрипоз (аз юн. arthron — банд ва grypos — хамида, каҷ) — бемории модарзодии бандҳои дасту по.

Артрогрипоз
МКБ-10 Q74.374.3
МКБ-9 728.3728.3, 754.89754.89
OMIM 108110
DiseasesDB 31688
eMedicine ped/142 
MeSH D001176

Дар натиҷаи атрофияи мушакҳо ва ба бофтаи чарбӣ иваз шудани торҳои мушак ба амал меояд. Ҳангоми артрогрипоз дастҳо ба бадан ҷафс шуда меистанд; панҷаи даст ва ангуштон мисли чанголи мурғон аст. Пойҳо каҷ ва аз ҳам дур мебошанд. Кафи пойҳо шакли муқаррарии худро гум мекунад. Бо мақсади табобати артрогрипоз аз усулҳои ҷарроҳӣ, раддодӣ (ортопедӣ), бандинагузорӣ, варзиши шифоӣ ва ғ. истифода мекунанд. Табобат ҳар қадар бармаҳал оғоз шавад, натиҷааш ҳамон қадар хубтар аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш