Архангелск
Архангелск (русӣ: Архангельск) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Архангелски Федетратсияи Русия.
Маҳалли аҳолинишин | |||
русӣ: Архангельск | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Роҳбар | Q105150513?[1] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1584 | ||
Аввалин номбарӣ | 1584 | ||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 3 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 8182 | ||
Нишонаи почта | 163000–163072 | ||
arhcity.ru | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Яке аз калонтарин бандарҳои баҳрӣ ва дарёӣ, муҳимтарин узели нақлиётии қисмати шимоли ғарбии мамлакат. Дар ҳар ду соҳили рӯди Двинаи Шимолӣ ҷойгир аст. Соли 1584 бунёд ёфта, Новохолмогорӣ ном дошт. Аз соли 1613 шаҳри Архангелск. Аҳолиаш — 298 617 тан (2023)[3].
Таърих
вироишАрхангелск аввалин бандари баҳрии давлати Рус буд. То авв. садаи 18 маркази асосии тиҷорат бо давлатҳои Аврупо ҳисоб меёфт. Соли 1762 ҳуқуқи тиҷоратии Архангелск бо Санкт-Петербург баробар эълон шуд. Дар садаи 20 Архангелск яке аз марказҳои асосии азхудкунии Арктика гардид. Иқтисоди Архангелск асосан бар ду соҳа — баҳрӣ ва саноати ҷангал асос ёфтааст. Соли 1693 бо фармони Петри 1 ин ҷо корхонаи киштисозӣ ва таъмири он, инчунин адмиралтейство — маркази истеҳсоли киштиҳои ҳарбии баҳрӣ бунёд ёфта буд.
Иқтисод
вироишАрхангелск маркази калонтарини саноати чӯбу тахта ва содироти он аст. Дар шаҳр 7700 корхонаҳои саноатии калону миёна ва хурд ба қайд гирифта шудаанд. Комбинатҳои селлюлозаю коғаз, дарахтбурию чӯбгарӣ, заводҳои мошинсозии саноати ҷангал дорад. Истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, пойафзор, трикотаж, ашёи ҳунармандӣ низ ривоҷ ёфтааст.
Илму фарҳанг
вироишДар Архангелск Донишгоҳи давлатии Поморйе, Донишгоҳи давлатии техникии Архангелск, Донишгоҳи давлатии тиббии Шимол, шӯъбаҳои Академияи давлатии баҳрӣ ва мактабҳои олии Москваю Санкт-Петербург, кӯҳантарин Омӯзишгоҳи баҳрнавардии Русия (таъсисаш 1771) фаъолият доранд. Архангелск се театр, филармония, ду қасри маданият, марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, Осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ (таъсисаш 1859), Осорхонаи баҳрии Шимол, Осорхонаи санъати тасвирию бадеӣ, Осорхонаи санъати меъмории чӯбини Шимоли Рус дорад.
Осори таърихиаш: меҳмонсарои (Гостиный двор, 1668 — 84, меъмор Д. М. Старсев) қадимии мусалсал, ки қад-қади соҳил дар дарозии 7,5 км бино шудааст (аввалин иншооти сангини Шимол), маъбади Троитса (Салоса, 1745)) ва ғ.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://web.archive.org/web/20201112045328/https://arh.aif.ru/politic/dmitriy_morev_stal_novym_glavoy_administracii_arhangelska
- ↑ 26. Численность постоянного населения Российской Федерации по муниципальным образованиям на 1 января 2018 года — Federal State Statistics Service.
- ↑ Численность постоянного населения Российской Федерации по муниципальным образованиям на 1 января 2023 года (с учётом итогов Всероссийской переписи населения 2020 г.) (18 августи 2023). 6 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 апрели 2024.
Адабиёт
вироиш- Архангелск // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.