Архангелский, Андрей Дмитриевич
Архангелский Андрей Дмитриевич (26 ноябр [8 декабр] 1879, Рязан[1] — 16 июн 1940[1], Маскав[1]) — заминшиноси рус, узви пайвастаи АИ СССР (1929), узви шӯрои машваратии коллегияи Комиссариати маорифи халқи СССР (1920—1940), раиси Филиали қазоқистонии АИ СССР (1932—1940), директори Институти геологияи АИ СССР (1934 — 39).
Таърихи таваллуд | 26 ноябр (8 декабр) 1879 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 16 июн 1940[1] (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | заминшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | doctor rerum naturalium[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Alexei Petrovich Pavlov[d] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Паж=щишщо
вироишОид ба масъалаҳои стратиграфия, лотология, тектоника, палеогеография ва сарватҳои зеризаминӣ тадқиқот бурдааст. Андрей Архангелский доир ба геологияи қисми европоии СССР ва Осиёи Миёна бештар аз 180 асари илмӣ навиштааст. Дар китоби худ «Таҳнишастҳои давраи табошири болоии Туркистон» (1916) Андрей Архангелский тарҳи стратиграфии ҷинсҳои таҳшини давраи табошири болои Осиёи Миёнаро тартиб дода, методикаи таҷдиди палеогеографиро боз ҳам инкишоф дод. Андрей Архангелский харитаҳои геологии ноҳияҳои ҷудогонаи СССР-ро мураттаб сохтааст. «Сохти геологӣ ва таърихи геологияи СССР» (1932—1934) ном асари ӯ машҳур аст. Андрей Архангелский ноҳияҳои нефтдор ва конҳои сулфури ҷануби ғарбии ӯзбекистон, инчунин водии Фарғонаро тадқиқ намуда, дар ин ҷойҳо мавҷуд будани нефту газро муайян кард. Барои тадқиқоти нефти минтақаи назди Баҳри Сиёҳ сазовори Мукофоти Ленинӣ (1928) гардид. Тарқиши калони қишри Замин, ки дар ҷануби ғарбии Баҳри Арал ҷой дорад, ба номи Андрей Архангелский гузошта шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Архангельский Андрей Дмитриевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Архангелский Андрей Дмитриевич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.