Арчамазор (Шарра)
Арчамазор (Шарра) чашмаест дар деҳаи Сурхакчашмаи Боло - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Оби чашма аз баландии 50 м ба мисли шаршара мешорад. Дар назди чашма лойқаи табобатӣ мавҷуд аст, ки барои бемориҳои пой, миён ва пӯст шифобахш аст. Дар назди чашмаи Шарра дарахти арча қомат афрохтааст. Дар ин ҷо дафнгоҳ нест. Ин ҷоро «Арчамазор» мегӯянду парастиш мекунанд, вале шифоро аз Худо медонанд..[1]
Адабиёт
вироиш- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |