Сурхакчашмаи Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Сурхакчашмаи Боло то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 425 нафар (2020[1]; 351 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Деҳа
Сурхакчашмаи Боло
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Мирзо Ризо
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 351 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Табиат

вироиш

Сурхакчашма дар пуштаю бағали силсилакӯҳҳои Ҳисор доман паҳн карда, замини атрофаш ба чашми бинанда сурхтоб менамояд. Дар деҳа ва атрофи он се чашма: чашмаи Арбоб Раҷаб, Тӯғдона ва Сари Мазор мавҷуд аст[3].

Таърих

вироиш

Дар деҳа масҷиди қадима боқӣ мондааст. Таърихи бунёдшавии деҳа аниқ муайян нест. Доир ба он ривоятҳо аз даҳон ба даҳон гузашта, то ба имрӯз омада расидаанд. Солҳои 30 асри ХХ бо супориши давлат сокинони деҳа ба дашт муҳоҷир карда шуда буданд. Сурхакчашма то соли 60 асри ХХ тобеи хоҷагии собиқ «Москва» буд. Сонӣ ба ихтиёри хоҷагии ҷангали Шаҳринав ва баъди ташкилшавии хоҷагии ҷангали Ҳисор ба ихтиёри он гузашт[3].

Иқтисод

вироиш

Ҳоло дар Сурхакчашма мактаби асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази фароғатию фарҳангӣ, масҷиди панҷвақта ва дӯкон фаъолият доранд. Сокинони Сурхакчашма дар боғдорӣ ном баровардаанд. Боғоти Сурхакчашма аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд[3].

  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. 3.0 3.1 3.2 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 534