Асалришқа, зарбеда, говришқа, хархӯр (лот. Melilótus officinális) — як навъ гиёҳи ришқамонанди як ё дусола.

Асалришқа
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Melilotus officinalis (L.) Lam.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Аз 30 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сешохаи дарозрӯя ё байзашакл, гули зард, тухми гирда ё мудаввари дорчинӣ ё зарди сабзтоб дорад. Май – июн гул карда, июл – август тухм мебандад. Дар гулзорҳо, соҳили дарёҳо, канори ҷӯйҳо, киштзори ришқа, гандум, ҷав, пахтазор ва боғҳо мерӯяд.

Густариш

вироиш

Дар мавзеъҳои қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 550 – 2600 м аз сатҳи баҳр) дучор меояд. Асалришқаро дар давраи гулшукуфт меғундоранд.

Хосиятҳои шифоӣ

вироиш

Шифобахшии асалришқаро Дисқуридус (Диоскорид), Теофраст, Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва дигарон қайд кардаанд. Мувофиқи маълумоти Дисқуридус беҳтарин асалришқа ҳамон аст, ки ранги заъфаронӣ ва бӯйи нисбатан тез дорад. Абӯалии Сино бо ҷӯшоби появу барги асалришқа бемориҳои занонаро табобат менамуд. Марҳами асалришқаро ба сар мебанданд (сардардро таскин мебахшад).

Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи асалришқаро ҳангоми бемории роҳҳои нафас ва шуш (чун давои балғамовар) истеъмол мекунанд. Онро ҳангоми сардард ва чун давои таскинбахшу хобовар, бодрон (якчумчагӣ 2 – 3 маротиба дар як рӯз), пешоброн тавсия медиҳанд; марҳамашро ба захм, ниқрис ва тарбод мебанданд. Нақеъи «алафи» асалришқа ҳангоми табларза, иллатҳои меъдаву рӯда, бодхӯра нафъ дорад. Чойи гули асалришқаро бо маска ё равғани зард омехта барои табобати ҷароҳатҳо истеъмол менамоянд, ҳангоми шамол хӯрдан ба бадан мемоланд.

Адабиёт

вироиш
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Сарчашма

вироиш