Асафйев Борис Владимирович

Борис Владимирович Асафйев (1884-1949), мусиқашиноси барҷаста, композитор, арбоби мусиқии рус.

Асафйев Борис Владимирович
Борис Владимирович Асафйев
Таърихи таваллуд 1884(1884)
Таърихи даргузашт 1949(1949)
Пеша(ҳо) композитор

Зиндагинома

вироиш

Борис Владимирович Асафйев маълумоти умумиро дар факултаи таърих-филологияи Донишгоҳи Петербург ва мусиқиро дар Консерваторияи Петербург гирифтааст. Аз соли 1914 ба нашри мақолаҳои мусиқӣ-танқидӣ рисола, китобҳо (бо тахаллуси Игор Глебов) шурӯъ кардааст. Дар давраи Шӯравӣ фаъолияти публитистияш олимӣ ва композиториро васеъ касб кард. Доир ба эҷодиёти М. Глинка, М. Мусорский, П. Чайковский ва дигар композиторони рус, оид ба мусиқии шӯравӣ ва хориҷӣ корҳои пурқиматеро ба сомон расондааст. А.– муаллифи теъдоди зиёди эҷодии операҳо, балетҳо («Шуълаи Париж», «Фаввораи Боғчасарой»), симфонияҳо, камеравии вокалӣ ва созӣ мебошад. Дар солҳои 1919-30 дар Донишкадаи таърихи санъати Ленинград (ҳоз. Санкт-Петербург) ба корҳои илми машғул буд, аз соли 1952 профессори Консерваторияи Ленинград. Асафйев нахустин ходими санъати мусиқии шуравист, ки ба унвони академик сарфароз гардидааст [1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 41. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)