Асируддин Муфаззал ибни Умари Абҳарӣ (1200 — 1264, Туркия) — файласуф, олим ва шоири садаи XIII форсу тоҷик.

Асируддин Абҳарӣ
Таърихи таваллуд 1200
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1264[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ, риёзиёт ва фалсафа

Зиндагинома

вироиш

Шарҳи ҳол ва зиндагии овони кӯдакию наврасиаш маълум нест. Баъди истилои муғул ба Сурия ҳиҷрат кард ва чанд сол дар Димишқ зист. Баъд ба Туркия рафт ва то охири умр он ҷо монд. Абҳарӣ бо Насируддини Тусӣ аз рӯи масъалаҳои гуногуни фалсафӣ мукотиба доштааст.

Асарҳо

вироиш

Асарҳои муҳимтаринаш инҳоанд: «Танзил-ул-афкор» («Тартиби фикрҳо»), «Кашф-ул-ҳақоиқ» («Кашфи ҳақиқатҳо»), «Исоғуҷӣ» — оид ба илми мантиқ; «Ишорот», «Маҳсул», «Ар-Рисолат-уз-зоҳирату фӣ ибтоли баъза муқаддимот-ил-ҷадалиёт» (Рисола дар зоҳир кардани ботилҳои баъзе муқаддимаҳои ҷадал"), «Мабдаъ ва Маод» — доир ба фалсафа; «Китоби ҳидоя» — дар мавзӯъҳои илми табиатшиносӣ ва фалсафа, ки муддате дар тамоми мамолики исломӣ китоби дарсии толибони ҳикмат буд; «Мухтасари илми ҳайъат», «Рисолаи устурлоб», «Зиҷи ихтиёрӣ» — доир ба нуҷум.

Масъалаҳои фалсафи ва мантиқи

вироиш

Абҳарӣ моддаву сурат, ҳаракату замон, халову макон, таносуби ҳиссу ақл, ҳад, расм, қазия, қиёс ва бурҳон барин масъалаҳои фалсафиву мантиқро мавриди баҳс қарор додааст. Дар ҳалли масъалаҳои фалсафӣ байни фалсафаи машшоъ (нигар Машшоия) ва калом мекалавид. Чунончи, офариниши оламро қоил бошад ҳам, онро баробари Худо азалию абадӣ медонист. Абҳарӣ нақши ҳиссу ақлро дар ҷараёни маърифат баланд арзёбӣ намуда, донисташаванда будани оламро эътироф мекард. Абҳарӣ чун шоир низ шуҳрат дошт. Девони ашъораш шомили се ҳаз. байт будааст. Дар рубоиҳояш ба Умари Хайём пайравӣ кардааст. Абёти зерин аз ӯст:

Мискин дили ман чу маҳрами роз наёфт,
В-андар қафаси ҷаҳон ҳамовоз наёфт.
Андар сари зулфи моҳрӯе гум шуд,
Торикшабе буду касаш боз наёфт.
То кай мадади нафси бадомӯз кунам,
Халқе зи вуҷуди худ ғамомӯз кунам.
Минбаъд бар онам, ки ба қурсе чу фалак,
Рӯзе ба шабе ораму шаб рӯз кунам.
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддини Тусӣ, таълифи Мадрасии Разавӣ, чопи дуюм, Т., 1370;
  • Диноршоев М., Философия Насируддина Туси, Д., 1968.

Сарчашма

вироиш