Аслам Акрамов
Акрамов Аслам Шарифович (29 июли 1959, шаҳри Кӯлоб) — генерал–майори хадамоти гумрук (2003).
Акрамов Аслам Шарифович | |
---|---|
Зодрӯз | 29 июл 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб |
Ҷоизаҳо |
Солҳои фаъолият
вироишХатмкардаи факултети иқтисодии УДТ (1981). Аввал дар мақомоти комсомолию Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982—1990) кор карда, сипас сармутахассис ва сардори фонди нафақаи Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб, роҳбари «Сомонбонк»-и шаҳри Кӯлоб (1990—1997), сардори шуъбаи гумруки аэропорти шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаҳои гумруки ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, сардори идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1997—2002), муовини вазир — сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003 — 06) буд. Аз соли 2006 корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ордени Шараф (дараҷаи 1) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Акрамов Аслам // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.