Асосҳо (кимиё)
АСОСҲÓ, дар кимиё, пайвастҳои кимиёвӣ, ки гурӯҳи ҳидроксил (ОН) доранд ва дар маҳлули обӣ таҷзия шуда, иони яквалентаи ҳидроксил (ОНˉ) ҳосил мекунанд. Асосҳо аз атомҳои филизз ва гурӯҳи ҳидроксил таркиб ёфтаанд. Шумораи гурӯҳи ОН ба валентнокии филизз баробар аст. Macалан, ҳидроксиди натрий – NaOH, ҳидроксиди калсий – Са (ОН)2. Асосҳо бо оксидҳои кислотагӣ ва худи кислотаҳо ба реаксия дохил шуда, намаку об ҳосил мекунанд.
Са(ОН)2 + СО2 = СаСО3 + Н2О; NaOH + HC1 = NaCl + Н2О
Баъзе асосҳо дар об ҳал намешаванд. Асосҳоеро, ки дар об нағз ҳал мегарданд, ишқор меноманд. Ишқорҳои муҳимтарин ҳидроксидҳои натрий – NaOH, калий – КОН ва калсий – Са(ОН)2 мебошанд. Вобаста ба нерӯ асосҳо қавӣ (масалан, NaOH, КОН) ва заиф (масалан, NH4OH) мешаванд. Агар валенти филизз тағйирёбанда бошад, он гоҳ онро дар қавс бо рақами румӣ ишора мекунанд, масалан, Fе(ОН)2 – ҳидроксиди оҳан (II), ҳидроксиди оҳан (III). Маҳлули обии асосҳо бо кислотаҳо ба реаксия дохил шуда, намак ҳосил мекунад, ранги лакмусро тағйир медиҳад (ранги лакмус кабуд мешавад). Аз нигоҳи таҷзияи электролитӣ асосҳо электролитҳое мебошанд, ки дар маҳлул таҷзия шуда, иони ҳидроксил (ОНˉ) ҳосил мекунанд. Баъзе асосҳо хосияти кислотагӣ ва асосӣ доранд, яъне асосҳои амфотерианд (ниг. Амфотерият).
Адабиёт
вироиш- Асосҳо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.