Аспарагин,(H2NOCCH2CH(NH2) COOH, амиди кислотаи аспарагин; массаи мол. 132,12. Дар намуди маншур (призма)-и ромбшакл шӯша (кристалл) мебандад. Дар оби гарм ҳал мешавад. Дар таркиби бисёр сафедаҳо мавҷуд аст. Дар ҳолати озод дар таркиби моеъҳо ва бофтаҳои рустанию ҳайвонот вомехӯрад. Миқдори он дар тухми нешзадаи лӯбиёиҳо хеле зиёд аст. Дар рӯиши рустаниҳо чун нитрогени захиравӣ ва моддаи безарарсозандаи аммиак, ки ҳангоми мубодилаи сафеда ҳосил мешавад, аҳаммияти калон дорад.

Аспарагин
Аспарагин

Адабиёт

вироиш
  • Быков Г. В. История органической химии. Москва, 1978. / М. Самиев.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.