ÁСПИ ЛАҚАЙӢ, зоти аспҳои боркашу саворӣ. Зиёда аз 300 сол муқаддам дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон дар натиҷаи ҷуфткунии аспҳои маҳаллӣ (арғумакҳо ва аспҳои хатлонӣ) бо аспҳои муғулӣ, қаробоҳирӣ ва арабӣ ба вуҷуд овардаанд. Аспи лақайиро дар гала, нарёнҳои беҳтаринро дар тавила нигоҳ медоранд. Бештар адҳам-тӯруқ, абраш-ҷеран, ашҳаб, булӯр, баъзан сиёҳмушкин, сиёҳтӯруқ, саманди ёлудумсиёҳ, саманди язидӣ ва абраш мешавад. Аспи лақайӣ миёнаҷусса буда, сари нисбатан хурд, тахтапушти васеи паҳн, гардани кӯтоҳи сермушак, пойҳои кӯтоҳи боқувват ва ёлу думи дароз дорад. Қади нарёнҳо 150–152 (даври сандуқи синаашон – 172), модиёнҳо 145–147 (даври сандуқи синаашон – 170) см мебошад. Баҳри такмил ёфтани зоти аспи лақайӣ муҳорибаҳо ва бозиҳои миллӣ таъсири бузург расондаанд. Дар таркиби зоти аспи лақайӣ 1–2% аспҳои ҷингила (бӯйра) вомехӯранд. Аспи лақайӣ ба ғизои махсус ва нигоҳубини хуб чандон эҳтиёҷ надорад; хӯрокиҳои дуруштро истеъмол мекунад, зуд фарбеҳ мешавад. Аспи пуртоқат буда, бо 75–80 кг бор дар як рӯз 70–80 км роҳ мепаймояд. Дар пайроҳаҳои куҳистон мувозанатро хуб нигоҳ медорад.
Зоти аспи лақайӣ 3 навъи дохилизотӣ дорад: 1) кӯктошӣ ё султонободӣ (майдахел буда, саворию борбардор аст); 2) кӯлобӣ (шакли зебо дошта, нисбатан майда мебошад); 3) қарлукӣ (шабоҳат бо аспҳои зоти қаробоҳирӣ доранд). аспи лақайиро асосан дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ёвон, Хуросон, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ваҳдат, Шаҳринав, Темурмалик, Данғара, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷ ва Шӯрообод мепарваранд. Баъди 5 сол ба воя мерасад. Суръати даваш: 1000 метр дар 1 дақиқа 17 сония; 1200 метр дар 1 дақиқа 30,8 сония; 1600 метр дар 2 дақиқа 00 сония; 2000 метр дар 2 дақиқа 26,8 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 57 сония; 3000 метр дар 3 дақиқа 53,2 сония; 3200 метр дар 4 дақиқа 5 сония; 4000 метр дар 5 дақиқа 13 сония. Дар ҷумҳурӣ 40 ҳазор сар аспи лақайӣ мавҷуд аст (2010).

Адабиёт

вироиш
/ М. Шамсиев.