Аспи муғулӣ
Аспи муғулӣ — зоти даштии ҷойдорӣ. Аспи қадимии муғулӣ.
Ба шароити дашт, нимдашту биёбон ва сармо тобовар аст. Аспи муғулӣ бештар ашҳаб, ҷиран, хурдҷусса буда, пойҳои кӯтоҳи пурқувват, сари калону пешонаи васеъ, гардани кӯтоҳи рост, синаи паҳн, пӯсти ғафс, мӯи ғуллии дароз дорад. Баландиаш 129,3 см, даври синааш 150,8 см, банди пояш 17,6 см. Аспи муғулӣ дар аспрез (ипподром)-и Улан-Батор 1600 метрро дар 2 дақиқа 40 сония тай кардааст. Асосан дар Муғулистон парвариш мекунанд. Аспи муғулӣ саворӣ, боркаш ва гӯшту ширдеҳ аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Аспи муғулӣ / А. Шамсиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.