Аспрез
АСПРЀЗ, ипподром (аз юн. hippos – асп, dromos – майдони тохтутоз), маҷмӯи иншоотест барои озмуни асп, масалан, варзиш, мусобиқа, музояда, намоишҳо. Дар аспрез озмоишро дар майдончаҳои мудаввар аз рӯи қоидаҳои махсус ба роҳ мемонданд. Дар аксар аспрезҳои дусамта аспҳои зоти резапо ва саворӣ мавриди озмоиш қарор мегиранд. Баъзе аспрезҳо барои ташкил кардани мусобиқаҳои махсус, масалан, «Стиплчез» (аз 7 то 40 км) таҷҳизонида мешаванд. Чунин мусобиқаҳо аз монеаҳои мушкилгузар, аз қабили тавора, баландӣ, ҳавз, нишеб ва ғайра иборат мебошанд. Аспрезҳо маъмулан аз ҳалқароҳ барои машқу пойга, марраҷой, стартмошинҳои тамошогоҳ, фотофиниш, сониясанҷҳо, мониторҳо ва ҳуҷраи ҳайати доварон таркиб ёфтаанд. Рафти мусобиқаҳоро бо автомошинҳои камерадор назорат мекунанд. Дар канори мусобиқагоҳ барои нишон додани масофа сутунҳо насб мекунанд. Аспрези ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соли 1935 бунёд ёфтааст. Озмоиши мунтазами тойҳои зотии хоҷагиҳои асппарварии ҷумҳурӣ соли 1952 шурӯъ шуд. То ин дам дар аспрез 3865 сар тойи зотӣ (аз ҷумла беш аз 3 ҳазор сар нарён ва тақрибан 400 сар модиёнҳо) озмуда шудаанд. Соли 2011 аспрези ҷумҳуриявӣ ба Наврӯзгоҳ табдил дода шуд ва ҳамоно аспрез ҳам мебошад.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ А. Шамсиев