ÁСПИ НАВБАТӢ (форсӣ: اسبنوبتی) аспе, ки барои рӯзи мабодо дар дарбори халифа нигоҳ дошта мешуд. Оғози ин амр чунон буд, ки халифа Мансури Аббосӣ ҳангоми қиёми ровандиёни хуросонӣ, ки мехостанд аз ӯ қасди Абумуслими Хуросониро гиранд, дар иҳотаашон монд ва аз сабаби аспи хуб надоштан қариб буд ба дасти онҳо ба ҳалокат расад. Пас аз ин воқеа амр дод, то «аспи навбатӣ» («фарас-ун-навба») тартиб доданд. Ва он чунон буд, ки аспи хубе бо лагому зину барг аз ин таърих ба баъд ҳамеша дар қасри халифа омода буд, ки агар ҳодисаи нохубе рӯй менамуд, халифа ҷиҳати фирор аз он асп истифода мекард.

Адабиёт

вироиш
/ Н. Амиршоҳӣ
  • عبدالرفیعحقیقت. تاریخنهضتهایفکریایرانیان. اززرتشتتارازی. تهران،آذرسال (شاهنشاهئ) ۲۵۳۶