Абумуслими Хуросонӣ

(Тағйири масир аз Абумуслим)

Абумуслим (ар. ابومسلم‎, Абумуслим Абдурраҳмон ибни Муслими Хуросонӣ; на пештар аз 718 и на дертар аз 719, Исфаҳон, Хилофати Умавиён ё Марв, Хуросон, Хилофати Умавиёнфеврали 755, Seleucia-Ctesiphon[d], Хилофати Аббосиён) — сарвари ошӯби зидди Умавиён дар Хуросон ва Ироқ, волии Хуросон (750—755).

Абумуслими Хуросонӣ
араб. ар. أبو مسلم
сурат
Пешгузашта: Наср ибн Сайёр
Иттилооти инфиродӣ
Лақаб: Абумуслим
Касб, шуғл: сарлашкар, Волӣ (вазифа), доъӣ
Таърихи таваллуд: на пештар аз 718 и на дертар аз 719
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: феврали 755
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Миллат: Тоҷик
Эътиқод: ислом
Падар: Муслим
Ҷанг: Инқилоби Аббосиён

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Ном ва куния

вироиш

Ном ва кунияи Абумуслими Хуросонӣ аввал Беҳзодон Пурвандод Ҳурмузд بهزادان پورونداد هرمزد буда, сипас номашро ба Абдурраҳмон ибни Муслим ва кунияашро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз намуд. Мутобиқи ҳаккокии сиккаҳои давраш номи расмиаш «Абдурраҳмон ибни Муслим» будааст. Абумуслими Хуросонӣ эронюасл ва аз маволиёни Хуросон будааст. ӯ аввал ғуломи фарде ба номи Абумусои Сарроҷ буд ва баъди аз Исфаҳон ба Куфа рафтани соҳибаш ҳамроҳи ӯ он ҷо рафт. Абумуслими Хуросонӣ на танҳо як фарди низомӣ, сипоҳсолори варзида, балки шахси фарҳангдӯст ва аз илму адаб хуб огоҳе будааст. Забони арабию форсиро батакмил медонистааст ва ҳатто ба ин ҳарду забон ҳам шеър эҷод карда будааст. Таърихнигорон ӯро амири ғамхор ва ободгари Хуросон тавсиф кардаанд. Чунончи эъмори масҷиди ҷомеи Нишопур, масҷиду бозоре дар Марв ва девору бурҷҳои гирдогирди Самарқандро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ба таъйиди В. В. Бартолд мардуми Самарқанд таъсисоти оби шаҳрашонро ба номи Абумуслими Хуросонӣ марбут медонанд ва ҳанӯз ҳам яке аз наҳрҳои бузурги он ҷоро «Коми Абумуслим» меноманд. Мардуми Хуросон Абумуслими Хуросониро то ҳаде азизу муътабар донистаанд, ки ӯро бар достонҳои ҳамосӣ, мазҳабӣ, қиссаҳо ва мадҳияву марсияҳо васф кардаанд, ки яке аз машҳуртаринашон «Абумуслимнома» аст.

Забткориҳо

вироиш

Дар Куфа ҷунбишҳои зидди Умавиён фаъол буданд ва Абумуслими Хуросонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо яке аз гурӯҳҳои исёнталаб зиндонӣ мешавад. Баъди раҳоӣ аз зиндон шахсе бо номи Абусалама соли 744 Абумуслими Хуросониро ба Хуросон оварда ҳамроҳаш махфиёна мардумро муқобили хилофати Умавиён даъват мекард. Абумуслим аз Иброҳим писари Алии Мухаммади Аббос дастури роҳбарии Хуросонро гирифта, ба Марв меояд ва бар зидди Умавиён ба мубориза медарояд. Мардуми сершуморе ба ӯ гаравиданд. Абумуслими Хуросонӣ ва тарафдоронаш либоси сиёҳ ба тан пӯшиданд ва шӯришашон дар таърих бо номи «қиёми сияҳҷомагон» машҳур гардид. Дар муддати кӯтоҳ Абумуслими Хуросонӣ Хуросонро комилан зери назорати худ қарор дод ва тарафдорони сипоҳиёнашро ба шаҳрҳои гирду атроф мефиристод. Абумуслими Хуросонӣ пас аз тасарруфи Хуросон бо сипоҳаш аз Даҷла убур карда ба ҳудуди Ироқ ворид шуд. Аҳли Куфа Абумуслими Хуросонӣ ва сиёҳҷомагонро хуш истиқбол намуданд. Охирин набарди Абумуслими Хуросонӣ бо лашкари Умавӣ соли 749 дар ҳаволии шаҳри Мавасили Ироқ рух дод ва Умавиён шикаст хӯрданд. Сипоҳсолоре бо номи Абдумалик ибни Язиди Хуросонӣ бо фармони Абумуслими Хуросонӣ ин ноҳияро ба даст гирифт. Хилофати Умавиён ба тавассути хуросониён фурӯ рехт ва ба дасти онон давлати нави Аббосиён бунёд гардид. халифаи Уммавиён сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони Аббосиён Абу-л-Аббос ас-Саффоҳ (750—754) ба тахти хилофат менишинад. Охирин намояндаи хонадони умавӣ халифа Марвон ба Миср гурехт ва оқибат соли 750 ба дасти хуросониён дар шаҳри Бусири Миср ба қатл расид.

Ҳукумрониҳо

вироиш

Аз пирӯзиҳои пайиҳам Абумуслими Хуросонӣ саъй кард, ки ҳукумати хешро дар сарзаминҳои шарқии хилофат ҳам устувор намояд. Бо ин мақсад ӯ муқобили ҳар навъ неруи низомӣ ва иҷтимоӣ, ки дар назараш сабаби эҷоди ташаннуҷ дар кишвар мегардид, ҷанги беамон эълон намуд. Ба андешаву назари ӯ ҳама гуна эътирози зидди араб маънои зидди истиқрори ҳукумати Аббосиёнро низ дошт. Аз ин рӯ ба тамоми саркардагон ҳидоят дода шуд, ки ҳамаи дастаҳо, гурӯҳҳо ва хушбинҳои шӯришгарро бераҳмона нест кунанд, зеро дар ҳамин давраҳо таҳти таъсири шӯришҳои ироқиён арабҳои муқими Бухоро ва мардуми маҳаллӣ бо сарварии Шарик ибни Меҳрӣ (750) муқобили амирони навтаъйиншуда қиём карда буданд. Зиёд ибни Солеҳи Хазоӣ соли 751 бо ҳамроҳии Қутайба ибни Туғшода ва Бухорхудот шӯришгаронро нест карда, Бухороро оташ заданд. Ҳамин тавр қиёмҳои деҳқонони мулкҳои Чочу Фарғона ва Хутталу Кеш низ саркӯб шуданд. Обрӯву эътибори Абумуслими Хуросонӣ дар байни аксари ақшори ҷомеа рӯзафзун боло мерафт. Ҳукуматдорони марказ аз ин вазъу ҳолат ба ташвиш афтоданд ва соли 755 халифа Мансур Абумуслими Хуросониро ба дарбораш даъват карда ба қатл расонд. Пас аз қатли Абумуслими Хуросонӣ бархе аз сардорон ва тарафдоронаш ба хидмати халифа Мансур камар бастанд ва иддаи содиқи Абумуслими Хуросонӣ аз ин хиёнати халифа мутаассир шуда ба оҳанги хунхоҳӣ ба Хуросон баргаштанд.Қатли Абумуслим боиси авҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон мегардад. Яке аз лашкаркашони Абумуслими Хуросонӣ Муқаннаъ дертар дар кишвари Мовароуннаҳр бар зидди истилогарони араб шӯриши озодихоҳиеро сарварӣ намудааст, ки бо номи «шӯриши сафедҷомагон» низ дар таърихи ниёгони тоҷикон маълум аст[1]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.87-88.

Адабиёт

вироиш
  • Арабский аноним XI века. Издание текста, перевод. Введение в изучение памятника и комментарий П. А. Грязневича. — М., 1960;
  • Бартолд В. В., Абу Муслим. // Бартолд В. В. Сочинения. т. 7. — М.,1967;
  • Большаков О. Абу Муслим. Ислам. Энциклопедический словарь. — М., 1991;
  • Бойматов Л. Д. Абу Муслим. — Д., 2006.

Пайвандҳо

вироиш