Пойга
Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |
Пойга
- мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаҳои гуногун, ки қувват ва давандии аспро месанҷанд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикисӣон, пойга аз қадимулайём маълум ва машҳур аст. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок мекунанд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибон мукофотонида мешаванд. Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад, дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок мекунанд, ки аз хурдсоли аспсавориро омӯхтаанд. Пойга чанд хел мешавад: аз ҷумла пойгаи ҳамворӣ дар ҷойҳои ҳамвор, дар пайраҳаҳои ипподром ба масофаи 1000 - 4000 метр; Пойгаи масдуд аз рӯи қоида дар пайраҳаҳое, ки садҳои осонгузар доранд, ба масофаи 2000 - 3000 метр; дар пайраҳаҳое, ки садҳои мушкилгузар доранд, ба масофаи 4000-7000 метр; кроссҳо дар ҷойҳои пасту баланд ба масофаи 3000-8000 метр ва ишораи аспакӣ (шикор бо саг) ба масофаи то 35 км гузаронида мешавад. Пойга ба барномаҳои варзишии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна дохил карда шудааст;
- мусобиқае, ки якчанд варзишгар ба воситаи нақлиёт, масалан, автомобил, мотосикл, дучарха иштирок мекунанд[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Пойга, Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 6, саҳ. 15, Душанбе
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |