Асп (шатранҷ)
Асп — муҳраи шатранҷ мебошад, ки дар оғози бозӣ дар катакҳои b1, g1 (аспҳои сафед) ва b8, g8 (аспҳои сиёҳ) ҷойгир мешавад. Асп ба катаки дилхоҳ, монанди ҳарфи Г (ду катак ба як тараф ва як катак ба дигар) гашта метавонад, агар дар катаки гардишаш муҳраи ҳамрангаш вуҷуд дошта набошад.
Қиммати асп аз рӯи қуввааш тақрибан ба як фил ё ба се пиёда баробар аст. Се асп аз рӯи қувва тақрибан ба як фарзин ё ду тӯра баробаранд.
Асп дар позитсияҳои маҳкам арзиши калон дорад, чунки аз болои муҳраҳо ҷаҳида метавонад.
Эзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи шатранҷ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |