Асри оҳан
Асри оҳан — давраест дар таърихи инсоният, ки ба он кашф гардидани маъдани оҳан ва тайёр кардани маснуоти оҳанӣ хос аст. Ҳамаи мамлакатҳо дар замонҳои гуногун Асри оҳанро аз сар гузаронидаанд. Нимаи якуми ҳазорсолаи аввали то мелод дар Осиёи Марказӣ тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст, ки тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ – моддӣ, маънавӣ ва иҷтимоиро фаро гирифт – ин ҳама бо пайдоиш ва паҳншавии маснуоти оҳанӣ алоқаманд буд. Ба ҳамин сабаб ин давраи таърихӣ Асри оҳан ном гирифт. Бозёфтҳои ҳафриётии бостоншинос В. М. Массон дар соли 1959 – доси оҳанӣ аз Анов (Ҷануби Туркманистон), корд ва сарнайза аз Дилварзин (водии Фарғона) баёнгари коркарди оҳан дар ибтидои Асри оҳани Осиёи Марказӣ буд. Дар ҳамин давра ва минбаъд истеҳсоли маснуоти оҳанӣ равнақ ёфта, боиси боз ҳам ривоҷ ёфтани кишоварзию чорводорӣ гардид. Асбобу афзор ва силоҳи содаи аз оҳан истеҳсолшуда ба забти сарзамини қабоили бегона ва ибтидои ғуломдорӣ асос гузошт. Маснуоти оҳанин ба миқдори зиёд дар бисёр қасабаҳо ва қабристонҳо тақрибан дар тамоми ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ёфт шудаанд. Дар қӯрғонҳои скифҳои назди Баҳри Сиёҳ (асри 7 то м. – асрҳои аввали мелод) маснуоти оҳанин ёфт шудаанд, ки дар байни онҳо шамшер ҳои кӯтоҳ, корд, найза, табар ва ғ. мавҷуданд.
Дар масири ҳазорсолаи 1 то мелод ва нимаи дуюми ҳазорсолаи 1 мелод дар даштҳои Осиёи Марказӣ қабилаҳои сершумори сакоиҳо маскун буданд. Дар зиндагии онҳо оҳан аз миёнаҳои ҳазорсолаи 1 то мелод васеъ паҳн шуда буд. Дар Кордҳо, ханҷарҳо, пайконҳо, найзаҳо. Асрорӣ воҳаҳои зироаткорӣ давраи оҳан ба замони таъсиси аввалин давлатҳои ғуломдорӣ (Бохтар, Суғд, Хоразм) рост меояд. Дар мавзеъҳои Қайроққум ва Дашти Ашт ёдгорҳои давраи ибтидои Асри оҳан (ҳазорсолаи 1 то м.) ёфт шуданд[1].
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Толстов С.П. По древним дельтам Окса и Яксарта. М.,1967;
- История таджикского народа.Т.1. Душанбе, 1998.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23